Бонки ҷаҳонӣ Тоҷикистонро бо бастаи тадбирҳои зиддибуҳронӣ дастгирӣ мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон барои сабук кардани оқибатҳои ногувор бар асари ҷанг дар Укроин ва таҳримҳо алайҳи Русия ба таҳияи нақшаи зиддибуҳронӣ оғоз намуд.

Дар ҷаласаи Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузории назди президенти Тоҷикистон намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Озан Севимли дар ин робита изҳор намуд, ки Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ ҳукумати Тоҷикистонро бо бастаи тадбирҳои вокуниш ба буҳрон дастгирӣ мекунад.

Озан Севимли зикр кард, ки дар дастгирӣ ба ҷанбаҳои зерин таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд:

– ҳифзи қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла муҳоҷироне, ки бармегарданд ва оилаҳои онҳо тавассути низоми бехатарии иҷтимоӣ;

– дастгирии амнияти озуқаворӣ;

– баррасии қолабҳои сиёсати макроиқтисодӣ бо шумули идомаи муҳокимаи амалиёти дастгирии буҷет дар шароити буҳрон.

“Ҳарчанд барои коҳиш додани оқибатҳои бӯҳрон чораҳои фаврӣ заруранд, тақвияти устувории иқтисод ва мусоидат ба рушди бахши хусусӣ низ дар мадди аввал қарор доранд”, – таъкид дошт Севимли.

Ба ақидаи ӯ, бахусус устувории бахши молиявӣ, инчунин навъбандӣ (диверсификатсия)-и алоқаи рақамӣ ва алоқаи ҳавоӣ муҳим аст.

Ӯ бар ин назар аст, ки буҳрон бар асари ҷанг дар Укроин ва таҳримҳо алайҳи Русия робитаҳои муомилоти молу маҳсулот ва молиявиро дар сатҳи ҷаҳонӣ халалдор сохта, болои иқтисоди Тоҷикистон фишор меоранд.

Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ инро чунин шарҳ медиҳад, ки иқтисоди Тоҷикистон ба интиқоли пул, воридоти маводи ғизоӣ ва маводи сӯхт ​​аз Русия вобаста боқӣ мемонад.

“Бар асари ин таъсир, мо аллакай дар Тоҷикистон бо болоравии қимати маводи сӯхт ва ғизоӣ ба далели боло рафтани арзиши ашёи хом дар ҷаҳон ва поин рафтани қурби асъор рӯбарӯ ҳастем”, – иброз дошт ӯ.

Дар хулоса Озан Севимли зикр кард, ки сатҳи зиндагии одамон бад мешавад, зеро қобилияти харидории хонаводаҳо паст шуда, ногузир ба қобилияти харидории аҳолӣ таъсир мерасонад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...