Беш аз 92%-и аҳолии Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

То 27 марти соли равон 5 млн 162 ҳазору 424 нафар (92,2%) дар Тоҷикистон аз COVID-19 ваксина гирифтанд, хабар медиҳад Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, инчунин то санаи зикргардида  4 млн 900 ҳазору  199 нафар (87,5%) шаҳрвандони мамлакат аз вояи дуюм ва 1 млн 89 ҳазору 922 нафар (19,5%) аз вояи сеюми ваксина эм гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки маъракаи ваксинзании оммавии аҳолӣ дар Тоҷикистон 23 марти соли 2021 оғоз шуд. Ваксина гирифтани шахсони аз 18-сола болои ҷумҳурӣ ҳатмӣ аст. Ваксина ба шаҳрвандони мамлакат тариқи ройгон гузаронида мешавад. Дар маҷмӯъ ваксингирии 5 млн 826 ҳазору 301 нафар аҳолии кишвар зарур аст.

Тибқи маълумоти сомонаи covidtj,  ҳолатҳои сироятёбӣ дар кишвар аз 18 феврал ба қайд гирифта нашудааст.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия шумори сироятёфтагон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди шифоёфтагон – 17 ҳазору 264 нафарро ташкил медиҳад.

Шумори фавтидагон аз беморӣ ҳанӯз аз нимаи дуюми соли гузашта инҷониб бетағйир боқӣ монда, ба 124 нафар баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...