Мусобиқаи миллии футболи Тоҷикистон 2 апрел оғоз мешавад

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои ду даври аввали Coca-Cola – Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олиро тасдиқ кард. Дар чемпионати 31-юми Тоҷикистон оид ба футбол 10 даста иштирок мекунанд: «Истиқлол», КМВА (ЦСКА) – ҳар ду даста аз Душанбе, «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳар ду даста – аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои ду даври аввали Coca-Cola – Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олиро тасдиқ кард.

Дар чемпионати 31-юми Тоҷикистон оид ба футбол 10 даста иштирок мекунанд: «Истиқлол», КМВА (ЦСКА) – ҳар ду даста аз Душанбе, «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳар ду даста – аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод).

Мавсими нави Coca-Cola – Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 2 апрел оғоз гардида, бо формулаи (шакли) нав баргузор мешавад.

Дар марҳилаи аввал 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Холҳои дар марҳилаи аввал гирифта нигаҳ дошта мешаванд.

Панҷ дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал дар гурӯҳи “А” бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-уми ҷадвал рақобат мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар гурӯҳи “В” барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум бозӣ карда, ду дастаи зинаи охири ин гурӯҳ лигаи олиро тарк ва ба лигаи якум мегузаранд.

Дар Чемионати футболи Тоҷикистон-2022 дар лигаи олӣ ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад.  

Ҷадвали ду даври аввал:

Даври 1-ум

Оғози бозиҳо – соати 16:00

2 апрел (шанбе)

«Файзканд» – «Истаравшан»

«Истиқлол» – КМВА (ЦСКА) –  Ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Зафаробод)

3 апрел (якшанбе)

«Эсхата» – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб)

Даври 2-юм

Оғози бозиҳо – соати 16:00

8 апрел (ҷумъа)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – Ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд

«Эсхата» – «Файзканд»

9 апрел (шанбе)

 «Истаравшан» – «Хатлон»

10 апрел (якшанбе)

 «Хуҷанд» – «Равшан» (Зафаробод)

КМВА (ЦСКА) – «Регар-ТадАЗ».

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио