Хуҷанд: як мансабдори маҳаллӣ эълон кардааст довталабона ба хидмати аскарӣ меравад

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо интишори хабарномае гуфтааст, Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи беҳдоштии хӯрокаи Маркази беҳдоштӣ СЭС-и Хуҷанд ихтиёран барои рафтан ба хидмат ризоият додааст. Ин мақомдори ҷавони ниҳоди давлатӣ фарзанди Юсуф Маҳмадиев, сардори кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Суғд дар роҳи оҳан аст ва 24 сол дорад. Худи Бахтиёр Маҳмадиев ҳам дар суҳбат ба "Азия-Плюс" таъйид […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҳукумати шаҳри Хуҷанд бо интишори хабарномае гуфтааст, Бахтиёр Маҳмадиев, мудири шуъбаи беҳдоштии хӯрокаи Маркази беҳдоштӣ СЭС-и Хуҷанд ихтиёран барои рафтан ба хидмат ризоият додааст. Ин мақомдори ҷавони ниҳоди давлатӣ фарзанди Юсуф Маҳмадиев, сардори кумитаи бехатарии озуқавории вилояти Суғд дар роҳи оҳан аст ва 24 сол дорад.

Худи Бахтиёр Маҳмадиев ҳам дар суҳбат ба "Азия-Плюс" таъйид кард, ки тасмими рафтанаш ба хидмат довталабона аст ва инро як қарзи шаҳрвандӣ медонад.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдори Хуҷанд, Бахтиёр Маҳмадиев аз шумори нахустин ҷавонони ин шаҳр аст, ки “баробари оғози даъвати баҳории наваскарон ба комиссариати ҳарбӣ рафта, ариза навишт, то ин ки дар ҳифзи Ватан дарси мардонагӣ омӯхта, аз имтиҳонот ҳаёт гузарад”.

Манбаъ изҳор доштааст, ки “роҳбарияти Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд бо ҷавонони ғаюру ватандўст, аз ҷумла Бахтиёр Маҳмадиев ифтихор мекунад, ки кору вазифаи хешро нисори ҳимояи Ватану миллат ва сарзамини худ намуда, сарбаландона баҳри хизмат ба Артишӣ миллӣ рафта истодааст. Ин намунаи олии ватандӯстӣ ва мояи пайравӣ ба дигар ҷавонони марказ аст”.

Бахтиёр Маҳмадиев, мудири 24 солаи шуъбаи гигиенаи хӯрокаи Маркази беҳдоштӣ СЭС-и Хуҷанд буда ҳудуди 1 солу 2 моҳ инҷониб дар ин ниҳоди давлатӣ кор мекунад. Бахтиёр Маҳмадиев дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки бо хоҳиши худ барои рафтан ба хидмат ариза навишт ва аз суйи ниҳоде, ки кор мекунад ба артиш меравад.

 “Бо хоҳиши худам 16-уми март рафта аз комиссариат гузаштам ва даъватнома гирифтам. Аввал бо таклифи падарам ва баъд бо роҳнамоии роҳбари Маркази СЭС-и Хуҷанд. Хеле насиҳати бисёр карданд, баъд ҳисси ватандустӣ буд. Ҳоло вазъияти ҷаҳониро бубинед хатарзо аст ва ҷангҳо рафта истодааст. Ҳар як ҷавонмард вазифадор аст, ки бояд рафта хидмат кунад ба ҳимояи ватан омода бошад ва аз мактаби мардонагӣ гузарад”.

Ин мудири ҷавон, хатмкардаи Донишгоҳи тиббии шаҳри Барнаули Русия мебошад. Ӯ мегӯяд, ки зодаи шаҳри Кӯлоб асту ҳамроҳ бо волидонаш аз соли 2003 дар Хуҷанд зиндагӣ мекунанд.

Бахтиёр Маҳмадиев, ҳамагӣ 7 моҳ пештар хонадор шуда, мегӯяд ният дорад баъди адои хидмат дар мақомоти додситонӣ кор кунад.

Азаматхӯҷа Воҳидов, сардори Маркази беҳдоштӣ дар шаҳри Хуҷанд мегӯяд, Бахтиёр Маҳмадиев яке аз ҷавонони пуркори ин ниҳод мебошад.

Ҳарчанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бештари корбарон аз ин тасмими Бахтиёр Маҳмадиев истиқбол кардаанд ва ӯро сутудаанд, аммо Музаффар Бобоҷонов, ҳуқуқшиноси созмони "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" дар вилояти Суғд, ки масоили ҳимояи ҳуқуқ давъатшавандаҳо ва сарбозонро пайгирӣ мекунад, навиштааст, ки ин шаҳрванд танҳо вазифаашро иҷро мекунад.

"Аҳсан. Албатта кори хуб. Лекин мо бояд фикр кунем, ки чаро, барои мутобики қонун, Конститусия ба хидмат рафтани як ҷавонро мо ҳамчун як қаҳрамонӣ медонем?",-навиштааст ӯ дар шабакаи Фейсбук дар ин маврид.

Сар аз аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон мавсими сафарбаркунии ҷавонони солҳои таваллудашон 1995-2004 ба хидмат оғоз мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.