Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон мавриди нави сироят аз COVID-19 сабт нашудааст

Маълумоти оморӣ дар сомонаи Covid.tj гувоҳи он аст, ки рӯзҳои истироҳати сипаришуда ва чандин рӯзи пештар низ ягон ҳолати нави гирифторӣ ба бемории коронавирус ошкор нашудааст. Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар ин рӯзҳо аз ҷумла 18 феврал 3 ҳолати нави сироятёбӣ ва рӯзи 19 феврал 3 мавриди шифоёбӣ сабт шуд. Тоҷикистон 21 январ […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Маълумоти оморӣ дар сомонаи Covid.tj гувоҳи он аст, ки рӯзҳои истироҳати сипаришуда ва чандин рӯзи пештар низ ягон ҳолати нави гирифторӣ ба бемории коронавирус ошкор нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар ин рӯзҳо аз ҷумла 18 феврал 3 ҳолати нави сироятёбӣ ва рӯзи 19 феврал 3 мавриди шифоёбӣ сабт шуд.

Тоҷикистон 21 январ – расо як моҳ пеш расман дар бораи мавридҳои нави сироятёбӣ хабар дод.

Мувофиқи омори расмӣ, дар ин давра шумори сироятёфтагон бо назардошти  маълумоти рӯз 15 феврал, ки маҳз аз ҳамин рӯз омор аз навшавӣ “бозистод”, 280 нафарро ташкил дод.

Фавтидагон аз беморӣ дар ин давра ба қайд гирифта нашуда, ин нишондиҳанда чандин моҳ инҷониб тағйир намеёбад ва ба 124 нафар фавтида баробар аст.

Ин маълуомти расмӣ буда, аҳолӣ ба он кам бовар дорад. Шумори беморон шояд хеле зиёдтар бошад.

Бино ба маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз оғози пандемия шумори сироятёфтагон дар Тоҷикистон ҳамагӣ 17 ҳазору 388 нафар ва теъдоди шифоёфтагон – 17 ҳазору 252 нафарро ташкил медиҳад.

Дар ҷумҳурӣ маъракаи ваксинзанӣ идома дорад. То 1 феврал дар ҷумҳурӣ 4 млн 594 ҳазору 703 нафар ваксина гирифтаанд. То ин дам 3 млн 902 ҳазору 269 нафар аҳолии калонсоли кишвар аз ваксинаи дуюм низ эм гирифтаанд.

Дар ҳамин ҳол, охири ҳафтаи гузашта Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба хотири муваффақият ва муборизаи босамар дар муқобила алайҳи бемории COVID-19 ба Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ифихорномаи вижа тақдим кард.

Дар ин маросим зикр шуд, ки Тоҷикистон дар радифи шаш кишвари ҷаҳон аст, ки “дар мубориза бар зидди сирояти COVID-19 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.