Барканори вазири маорифи Тоҷикистон. Раҳимҷон Саидзода – вазири нави маорифи Тоҷикистон

Бино ба хабарҳои дарёфтии "Азия-Плюс" Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки фармони барканории Имомзода, субҳи имрӯз аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст. Ҳамчунин, чанд лаҳза қабл, як манбаъи муътамад аз Вазорати маориф ва илм ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло кормандони […]

Asia-Plus

Бино ба хабарҳои дарёфтии "Азия-Плюс" Муҳаммадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шудааст. Як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" гуфт, ки фармони барканории Имомзода, субҳи имрӯз аз сӯйи раисҷумҳури Тоҷикистон ба имзо расидааст.

Ҳамчунин, чанд лаҳза қабл, як манбаъи муътамад аз Вазорати маориф ва илм ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло кормандони вазоратро барои муаррифии вазири нав дар маҷлисгоҳи вазорат ҷамъ овардаанд. Аммо ин манбаъ гуфт, ки ҳоло маълум нест, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон чӣ касе таъин шудааст.

Вале манбаъҳои "Азия-Плюс" мегӯянд, ки Саидзода Раҳимҷон Ҳамро раиси филиали Донишгоҳи миллии тадқиқоти технологии Маскав дар Душанбе вазири нави маорф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст.

Дар ҳамин ҳол то кунун сайти расмии раисҷумҳури Тоҷикистон ва расонаҳои расмии давлатӣ дар бораи барканории вазири маориф иттилое нашр накардаанд.

Дар ҳамин ҳол дақиқ нест, ки Имомзода ба мансаби дигаре таъин шудааст ё не.

Сару садоҳои барканории Имомзода аз мақоми вазири маориф пас аз интиқоди шадид президент Эмомалӣ Раҳмон дар паёми ахирашон, рӯзи 21-уми декабри соли 2021 ба Маҷлиси Олӣ сари забонҳо буд.

Эмомалӣ Раҳмон дар паём, аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳои кишвар интиқоди шадид карда буд

Ӯ гуфта буд, системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст ва омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.

– Аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем, – гуфта буд раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".

Муҳаммадюсуф Имомзода, дар нишасти матбуотии рӯзи 3 феврал ба танқидҳои раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имсолаашон ба порлумони кишвар, дар робита ба сифати таҳсилот вокуниш карда буд.

Ӯ гуфта буд, он эродҳои ҷиддие, ки аз ҷониби президент гирифта шуд, воқеиву дуруст аст ва онҳо дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд.

Номбурда гуфт, ки барои рафъи эродҳои раисҷумҳур аллакай, чанд масъаларо нақшабандӣ кардаанд, ки яке аз онҳо ташкили шуъбаи назорати сифати таҳсилот аст, ки сифати таълиму тадрисро дар муассисаҳои миёна ва олӣ санҷиш мекунад.

– Рушди ҷомеа ҳамеша нисбат ба таҳсилот боло меравад. Вақте мо қонеъ шудем, пас ин чизи манфӣ ба ҳисоб меравад. Аллакай, нисбати интиқоди ҷиддии президент чанд масъаларо нақшабандӣ кардаем. Якум, ба он шурӯъ кардем, ки аз ихтисосҳое, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ вуҷуд доранд. Кадоме аз ин ихтисосҳо барои мо лозим асту кадомаш не. Дуввум таҷдиди назар намудани тамоми барномаҳо ва стандартҳое, ки ба сатҳи байналмилалӣ мутобиқ бошад, – гуфт Имомзода.

Вазири маориф ва илми кишвар изҳори умедворӣ карда буд, ки солҳои оянда дар ин самт фаъолияташонро тағйир медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

7 гектар масоҳат ва 10 000 тонна маҳсулоти алюминӣ: Гузориш аз корхонаи “Роллер”

Мо раванди истеҳсоли маҳсулотро пурра мушоҳида кардем ва талош кардем, ки шумо ҳам онро бубинед.

Афзоиши ҳаҷми тиҷорат миёни Тоҷикистону Русия

Дар се моҳи соли 2026 ҳаҷми тиҷорат байни ин ду кишвар нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,2% афзудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.