Интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз низоми таълим ва забономӯзӣ дар мактабу донишгоҳҳо

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзааш ба Маҷлиси Олӣ аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳо дар кишвар интиқоди шадид кард.  Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст, омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд. Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин нукта, ки "маблағгузорӣ ба маориф сармоягузорӣ […]

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон дар паёми имрӯзааш ба Маҷлиси Олӣ аз низоми таҳсил дар кишвар ва сатҳи забономӯзӣ дар донишгоҳу мактабҳо дар кишвар интиқоди шадид кард. 

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ки системаи омода кардани кадрҳои соҳаи омӯзгорӣ қафо мондааст, омӯзгорони мо бо забонҳои хориҷӣ ҳарф зада наметавонанд.

Эмомалӣ Раҳмон бо зикри ин нукта, ки "маблағгузорӣ ба маориф сармоягузорӣ ба рушди неури инсонӣ аст" гуфт, ки ман вақти таъин ба вазифаҳои дипломативу дигар бахшҳои давлативу иқтисодӣ аз кадрҳо мепурсам, забони хориҷиро намедонанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин бахши суханронияш дар паём ба интиқоди шадиди низоми таълим пардохта гуфт, ки "аксарияти омӯзгорон бо равишҳои куҳна дарс мегузаранд, ҳол он ки дунё пеш рафтааст. Мо бояд аз ин методҳои куҳна даст кашем, ислоҳоти комил гузаронем".

Ба назари Эмомалӣ Раҳмон бо ин шева "мо худамон худамонро фиреб медиҳем. Фақат диплому коғаз медиҳем, дар ин ҷо (калла) чизе нест".

Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки мо бояд дар давоми 10 соли оянда инро бипазирем, ки минбаъд дар ҳукумат ва вазифаҳои хидмативу роҳбарикунанда танҳо нафаронеро бигирем, ки бо ду забони хориҷӣ 100 дар сад ҳарф зада метавонанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ки ҳоло расман дар кишвар 1080 нафар омӯзгор дар мактабҳои миёна намерасад, аммо 10-20 ҳазор омӯзгор бо маълумоти миёна дарс медиҳанд.

Раҳмон ба вазорати маориф ва илм дастур дод, ки бо дарназардошти равандҳои муосир лоиҳаи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия кунад, ки аз сӯйи давлат пазируфта шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.