“Барои мувафаққият дар мубориза бо каронавирус”: ҷоизаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба вазири тоҷик

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба хотири муваффақият ва муборизаи босамар дар муқобила алайҳи бемории COVID-19 ба Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ифихорномаи вижае тақдим кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ифтихорномаро ба Ҷамолиддин Абдуллозода, мушовири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар умури сиёсати тандурустӣ дар Тоҷикистон Илкер Даштан тақдим кардааст. Ин ҷоиза имрӯз, 18-уми феврал дар Душанбе дар ҷаласаи […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба хотири муваффақият ва муборизаи босамар дар муқобила алайҳи бемории COVID-19 ба Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустии Тоҷикистон ифихорномаи вижае тақдим кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ ифтихорномаро ба Ҷамолиддин Абдуллозода, мушовири Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар умури сиёсати тандурустӣ дар Тоҷикистон Илкер Даштан тақдим кардааст.

Ин ҷоиза имрӯз, 18-уми феврал дар Душанбе дар ҷаласаи шарҳи якҷояи соли якуми татбиқи “Стратегияи ҳифзи солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва натиҷаҳои назарраси ҷилавгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус дар Тоҷикистон эҳдо шудааст.

Дар ин ҷаласа гуфта шудааст, ки Тоҷикистон дар радифи шаш кишвари ҷаҳон аст, ки “дар мубориза бар зидди сирояти COVID-19 ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст”.

Вазорати тандурустӣ мегӯяд, дар Тоҷикистон давоми ду рӯзи ахир 16-17-уми феврал ягон ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирус ошкор нашудааст. Вале аз оғози пандемия то имрӯз мунаққидону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин ҳарфҳои мақомот бо шубҳа менигаранд.

Дар маҷмӯъ аз оғози пандемия то имрӯз дар Тоҷикистон 17 ҳазору 385 нафар ба бемории коронавирус сироят ёфта, 17 ҳазору 249 нафар шифо ёфтаанд ва 124 нафар қурбони ин беморӣ шудаанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.