Идомаи тағйироти кадрӣ: муовинони вазири маориф ҳам барканор шуданд, муовинони нав кистанд?

Дар пайи барканории Муҳаммадюсуф Имомзода аз мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳамчунин се муовини ӯ низ аз мақомҳояшон барканор шуданд. Дар ин бора як манбаи муътамад аз вазорати маориф ба "Азия-Плюс" хабар дод. Ба гуфтаи манбаъ, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода, аз сӯйи сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода муаррифӣ шудааст. Маросими муаррифӣ дар Вазорати […]

Дар пайи барканории Муҳаммадюсуф Имомзода аз мақоми вазири маориф ва илми Тоҷикистон, ҳамчунин се муовини ӯ низ аз мақомҳояшон барканор шуданд. Дар ин бора як манбаи муътамад аз вазорати маориф ба "Азия-Плюс" хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, вазири нави маориф ва илми Тоҷикистон Раҳимҷон Саидзода, аз сӯйи сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода муаррифӣ шудааст. Маросими муаррифӣ дар Вазорати маориф ва илм то ҳоло идома дорад.

Дар фармони барканории вазири маориф, далели барканорӣ "гузаштан ба кори дигар" гуфта шудааст, – мегӯяд манбаи мо, аммо дар расми муаррифӣ гуфта нашуд, ки кори дигари Имомзода чист.

Ҳамчунин имрӯз муовини аввали вазири маориф Муҳаммаддовуд Саломиён низ аз мақомаш барканор шудааст ва ба ҷойи ӯ ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Ғафуров, Ҷамшед Ҷӯразода муовини аввали вазири маориф таъин шудааст.

Ҳамчунин муовинони дигари вазири маориф Нуралӣ Собирзода ва Диловар Қодирзода ҳам аз мақомашон барканор шудаанд.

Ба ҷойи Собирзода, Шукрулло Хайрзода таъин шудааст, ки то ин вақт  ректори Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон буд.

Ба ҷойи Қодирзода, Лутфия Абдухолиқзода муовини вазири маориф таъин шудааст, ки то кунун вакили Маҷлиси Намояндагон аз ҳавзаи Данғара буд.

Ҳамчунин имрӯз муовини дигари  вазири маориф ва илм  Гулчеҳра Ғанизода низ аз мақомаш барканор шуд, вале ба ҷойи ӯ касе таъин нашуд.

Ҳамчунин  Шоҳин Саидзода, писари вазири пешини маорифи кишвар Нуриддин Сайидзода низ аз вазифаи директори Оҷонси назорат дар соҳаи маорифи Тоҷикистон барканор шудааст. 

Манбаъи "Азия-Плюс" мегӯяд, ки далели барканории муовинони вазир "гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст", аммо ҳоло дақиқ нест, ки ба кадом кор.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.