Тоҷикистон дар нишасти Чин дар масъалаи Афғонистон ширкат мекунад, “аммо мавқеяшро тағйир надодааст”

admin

Дар нишасти сеюми вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Чин, ки меҳвари он ҳамоҳангсозии кӯмаки башардӯстона ба Афғонистон аст, ҳайати Тоҷикистон, зери роҳбарии Музаффар Ашӯриён, вазири адлияи кишвар ширкат мекунад. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ҳайати Тоҷикистон аллакай дар Чин ҳаст ва имрӯз, 31 март дар сеюмин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон (Чин, Эрон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон ва Русия) суханронӣ хоҳад кард.

– Ҳайати Тоҷикистон мавқеи кишварро дар ин нишаст изҳор мекунад. Мавқеи Тоҷикистон дар робита ба вазъи Афғонистон тағйир накардааст, – гуфт манбаъи мо.

Гуфта мешавад, ки дар нишасти имрӯза дар Пекин масъалаҳои ҳамоҳангсозии талошҳои минтақавӣ дар самти башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодӣ, кумак ба Афғонистон, инчунин ҳамоҳангсозии равишҳо дар муқобила бо таҳдидҳои паҳншавии терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ки аз Афғонистон бар меоянд, баррасӣ хоҳанд шуд.

Шабакаи телевизионии байналмилалии Афғонистон хабар медиҳад, ки ба ин нишаст вазири умури хориҷии ҳукумати “Толибон” (ҳаракати фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) Амирхон Муттақӣ низ даъват шудааст. Вале маълум нест, ки Амирхон Муттақӣ ширкат мекнуанд ё не.

Дирӯз BBC хабар дода буд, ки Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия ҳам вориди Чин шудааст.

Ҷониби Чин гуфт, ҳадаф аз ин нишаст “ба даст овардани як тавофуқи бештар дар мавриди Афғонистон” хоҳад буд.

Ба гуфтаи намояндаи расмии вазорати хориҷаи Чин Ван Вэнбин дар ин нишаст ҳамчунин роҳҳои расидан ба субот дар Афғонистон ва ҳимоят аз мардуми ин кишвар баррасӣ мешавад.

Ҷаласаи имрӯза дар Чин ба дунболи сафари ногаҳонии вазири умури хориҷии Чин Ван И, ба Кобул сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли 2021 Покистон минзбони нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии ҳамсояҳои Афғонистон буд. Мулоқоти дуввум бо иловаи Русия моҳи октябри соли гузашта дар Теҳрон баргузор шуда буд, ки дар кори он Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон ширкат намуд. Ӯ гуфта буд, ки Тоҷикистон ҳукумати ба таври зӯрӣ ва бидуни ризоияти мардум ба қудрат омадаро дар Афғонистон ба расмият намешиносад ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки барои ҳалли мушкилоти Афғонистон талош кунанд.

Тоҷикистон аз миёни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон танҳо кишварест, ҳеҷ гуна тамосе то кунун бо “Толибон” надоштааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...