Ба ҷабрдидагон аз шиканҷа дар Ӯзбекистон давлат зиёнашро ҷуброн мекунад. Дар Тоҷикистон чӣ?

Asia-Plus

Ба Кодекси граждании Ӯзбекистон меъёрҳое ворид шуд, ки дар онҳо ҷуброни зарар ва зиёни маънавӣ ба ҷабрдидагон аз шиканҷа ва дигар навъҳои рафтори пастзанандаи шаъну эътибор дар ҷараёни тафтиш пешбинӣ шудааст. Дар Тоҷикистон ин чӣ гуна аст?

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 29 март қонунро дар бораи тағйирот ба Кодекси гражданӣ имзо кард, ки ба такмили тартиби ҷуброни зиёни ҷабрдидагон аз шиканҷа равона шудааст. Он аз 30 март мавриди амал қарор гирифт.

Тавре ки хадамоти матбуоти Вазорати адлияи Ӯзбекистон хабар медиҳад, мувофиқи ин санад, зараре, ки ба шахс дар натиҷаи истифодаи ҳама гуна навъи шиканҷа ва дигар навъҳои рафтору муҷозоти бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну эътибор расонида шудааст, дар ҳаҷми пурра аз ҷониби давлат ҷуброн карда мешавад.

Меъёрҳои воридшуда ба амалҳои содиршуда аз ҷониби мақомоти санҷиши то тафтишот, бозпурсӣ ва тафтишоти пешакӣ, прокуратура ва суд дахл дорад.

Дар мо чӣ гуна аст?

Дар шарҳи ин масъала ҳуқуқшиноси ТҶ “Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқҳои инсон” Абдураҳмон Шарипов изҳор намуд, ки дар қонунгузории Тоҷикистон имрӯз меъёрҳои мушаххасе нестанд, ки дар онҳо аз ҷониби давлат дар ҳаҷми пурра ҷуброн шудани зарари расида ба шахс бар асари истифодаи ҳама гуна навъи шиканҷа ва дигар навъҳои рафтору муҷозоти бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну эътибор дар ҷараёни тафтишот пешбинӣ шуда бошад.

“Дар таҷриба зимни баррасии даъвоҳои ҷуброн методҳои дақиқу фаҳмои муайян кардани ҳаҷми маблағи ҷуброн муқаррар нашудааст. Мутобиқи қонунгузории амалкунанда, додрасҳо (судяҳо) дараҷаи азобу шиканҷаи ҷисмонӣ ва маънавиро мувофиқи эътиқод ва фаҳмиши  ботинии худ муайян мекунанд.

Маблағе, ки ба ҷабрдида ва дар сурати марги онҳо, ба наздикон пардохта мешавад, на ҳамеша мувофиқ ва одилона аст.

Илова бар ин, худи ҷабрдидаҳо ва аҳли хонаводаи онҳо солҳо боз дар ба дари судҳо (додгоҳҳо) гашта, ҳуқуқи худро ба ҳар як сомонӣ талаб кардаву исбот мекунанд.

Ба гуфтаи Абдураҳмон Шарипов, ҳолатҳое ҳастанд, ки мақомоти судӣ кӯшиш мекунанд масъулияти ҷинояти шиканҷаро ба зиммаи шахси ҷдогона гузоранд, ки ҳангоми шахси мансабдор буданаш аз шиканҷа истифода кардааст.

Ба ин тариқ, мақомоти давлатӣ, ки бо сабабҳои гуногун содир шудани чунин ҷиноят имконпазир гаштааст, аз ҷавобгарӣ муҳофизат карда мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...