Қирғизистон кони тилои “Қумтор”-ро баргардонид ва онро дубора соҳиб шуд

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Девони вазирони Қирғизистон ва ширкати канадагии "Сентерра голд инк." созишномаи интиқоли кони тилои Қумторро ба ихтиёри Қирғизистон имзо карданд.

Баъди имзои созишнома президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфт, ки кон ба кадом шартҳо ба ҷониби Қирғизистон дода шудааст. Ба ин тартиб, даромади соф аз кон, ки баъди таъйин кардани мудирияти хориҷӣ – аз 15 майи соли 2021 то ин замон – ба даст омадааст, дороии Қирғизистон дониста мешавад. Ин даромад 323 миллион долларро ташкил медиҳад.

Ба илова, бино ба созишнома, "Сентерра" даромад аз ҳисоби саҳмияҳоро барои 9 моҳи соли 2021, ки 11 миллион долларро ташкил медиҳад, ба Қирғизистон мепардозад. Ба ҷуз инҳо, ширкати канадагӣ дар ҳаҷми 50 миллион доллар ба ҷониби Қирғизистон пардохти якдафъаӣ анҷом медиҳад ва бунёди рекултиватсионӣ, ки 53 миллион доллар дар ихтиёр дорад, ба ҷониби Қирғизистон дода мешавад.

"Сентерра", бино ба созишномаи имзошуда, аз ҳамаи баҳсҳои додгоҳӣ даст мекашад. Ҷониби Қирғизистон ҳам ҳамаи даъвоҳои додгоҳиашро нисбати ширкати канадагӣ пас мегирад.

Қумтор бузургтарин кони тилои Қирғизистон аст, ки солона аз он 15-17 тона тило истихроҷ мешавад. Ширкати Сентерра ба коркарди кони мазкур машғул буд ва Қирғизистон дар ширкат 26 дарсад саҳм дошт. Сиёсатмадорони мухолиф дар гузашта борҳо талаб карда буданд, ки кони тило миллӣ карда шавад.

Баҳори соли 2021 вазъ атрофи кони тилои Қумтор якбора тағйир кард. Мақомоти Қирғизистон моҳи майи соли ҷорӣ дар кон мудирияти берунӣ таъйин карданд. Комисияи давлатии Қирғизистон аз ширкати Сентерра талаб кард, ки бояд 4 миллиарду 252 миллион доллар андоз ва ҷуброни зарари муҳитзистӣ пардозад.

Ширкати Сентерра даъвои ҷониби Қирғизистонро дар бораи расонидани зарар ба муҳити зист рад мекунад. Ин ширкат ҷониби Қирғизистонро ба додгоҳи байналхалқии ҳакамӣ кашид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...