Эътирофи дипломатҳои “Толибон” аз сӯйи шарикони стратегӣ хатар ба манофеи миллии Тоҷикистон нест?

Шералӣ Ризоён, сиёсатшинос

Русия аввалин дипломати Толибонро расман пазируфт ва эътироф кард. Чин чанд дипломати ин гурӯҳро барои сафорати Афғонистон дар Пекин ҷо ба ҷо кард. Ҳамсояҳои дигари осиёимарказии Тоҷикистон ҳам тамосҳои гарме бо Толибон доранд. Туркманистон сафорати Толибонро эътироф кард. Ӯзбакистон аз оғоз бо Толибон тамосу ҳамкориҳое дорад.

Дар ҷамъи ин кишварҳои ҳампаймон танҳо Тоҷикистон аст, ки ҳеч тамосе бо Толибон надорад. Ин як манзаре буд, ки аз оғози ба қудрат расидани "Толибон" пешбинӣ мешуд. "Азия-Плюс" пас аз ба ин ҷо кашидани ҳамкорӣ бо як гурӯҳи террористӣ (Толибон дар тамоми ин кишварҳои гурӯҳи террористӣ эътироф мешавад ва расман мамнуъ аст), ду суолро дар пешорӯйи коршиносони кишвар қарор дод:

1. Пас аз эътирофи дипломати Толибон аз сӯйи Русия, манофеи миллии Тоҷикистон дар баробари Толибон чӣ мешавад?
2. Оё кишварҳои ҳампаймонаш манофеи миллии Тоҷикистонро дар хатар нагузоштаанд?

Нахуст, посухҳои сиёсатшиноси варзида, Шералӣ Ризоёнро аз ин силсила пешниҳод мекунем:

1. Ходимони дипломатии Русия аз рӯзҳои аввалини ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон то андозае таблиғи нарми ин ҳаракатро дар фазои иттилоотии пасошуравӣ анҷом медоданд. Изҳороту мусоҳибаҳои Замир Кобулов, фиристодаи махсуси раисҷумҳури Русия барои Афғонистон ва Дмитрий Жирнов, сафири Русия дар Афғонистон ин дидгоҳро собит мекунад.

Моҳҳои август ва сентябри соли 2021 Дмитрий Жирнов хело фаъол буд ва ӯро “сухангӯйи ғайрирасмӣ”-и Толибон дар фазои пасошуравӣ низ ном гузошта буданд.

Аз ин рӯ, сабти ном шудан (аккредитатсия)-и дипломати Толибон бо номи Ғарвол дар Маскавро идомаи мантиқии иқдомҳои Вазорати корҳои хориҷии Русия маънидод намудан мумкин аст. Инак, Русия чорумин кишваре шуд, ки фиристодаи Толибонро эътироф кард. Пеш аз ин Покистон, Чин ва Туркманистон дипломатҳои толибро пазируфта буданд.

Аз нахустин рӯзи ба қудрат расидани Толибон дар Афғонистон бархӯрди мутафовитро Вазорати хориҷа ва Вазоратҳои қудратии ин кишвар доштанду доранд. Агар ниҳоди дипломатӣ бештар рӯ ба Толибон бошад, ҳарбиён бештар аз хатару таҳдидҳо ҳарф мезаданд. Аз августи соли 2021 то ин дам чандин тамринҳои махсуси низомӣ бо дарназардошти таҳдидҳо аз Афғонистон гузаронида шуданд. Коршиносону рӯзноманигорони Русия низ аз ин ду мавқеъ вазъи Афғонистонро баҳсу баррасӣ менамоянд, ки шояд як сиёсати ҳисобшудаи Маскав дар қиболи қазияи Афғонистон, махсусан Толибон бошад.

Перомуни мавқеъи Тоҷикистон бояд гуфт, ки Душанбе дар тӯли зиёда аз 25 соли охир масъалаи Афғонистонро аз мавзӯъҳои меҳварии сиёсати хориҷӣ ва низоми таъмини амнияти милли худ қаламдод мекунад. Аз гуфтумони роҳбарияти сиёсии мамлакат ва дигар масъулони давлатӣ хулоса намудан мумкин аст, ки Тоҷикистон ҳамеша ба тағйир ёфтани вазъ дар Афғонистон омода буд. Мавқегирии Тоҷикистон дар мавриди ба қудрат расидани Толибон аз давраи аввали сари ҳокимият омадани онҳо дар соли 1996 бетағйир боқӣ мондааст. Аз моҳи августи 2021 то ин дам ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Толибон дидору мулоқот доштанд ва баъзе коршиносони ин давлатҳо мавқеи Тоҷикистонро “танқиди нарм” ҳам мекунанд, ки гӯё ба вазъи ба амаломада мувофиқ нест.

Як нуктаро бояд донист, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар қудратҳои ҷаҳонию минтақавӣ, ки ба Толибон бархурди нарм доранд – аз минбарҳои созмонҳои байналмилалӣ ва нишастҳои мухталифи минтақавию ҷаҳонӣ – муқовимат бо ҳаракатҳои террористию экстремистиро муҳим қаламдод мекарданд ва мекунанд. Вале имрӯз бо Толибон, ки ҳам зери таҳрими Шӯрои амнияти СММ ва ҳам тибқи қонунгузории дохилии он кишварҳо ҳаракати мамнуъ аст, робита барқарор намудаанд. Ин шояд бозгукунандаи прагматизми урён ва сиёсати манфиатмеҳвар бошад, вале дар дарозмуддат хатарзо асту барои ҳалли мушкилоти Афғонистон мусоидат намекунаду дарро барои низоъи идорашаванда ҳамеша кушод боқӣ мегузорад.

Бинобар ин, бо назардошти гуногун будани бархӯрди давлатмардони Русия (ВКХ ва вазоратҳои қудратӣ) нисбат ба Толибон манфиатҳои миллии Тоҷикистон зарар намебинанд. Чун раванде, ки аз августи соли 2021 идома дошт, расмӣ шуд ва пешбинишаванда ҳам буд. Ба гумони ғолиб ниҳодҳои масъули давлатии мо чунин шакл гирифтани вазъро пешбинӣ мекарданд ва омодагиҳое дар ин самт доранд.  

2. Тавре дар боло ишора шуд, ин раванд аз пеш, ҳатто то ба қудрат такя задани Толибон дар Кобул ҷараён дошт. Таҷрибаи ҳамсоякишварҳои шимоли Афғонистон дар давраи истиқлол собит мекунад, ки Туркманистон бо ҳамаи ҳукуматҳои Афғонистон равобит дошту дорад. Узбекистон аз асли прагматизми урён кор мегирифт ва бо қудрати воқеӣ дар Афғонистон ҳамкорӣ дошт. Ин сиёсат аз давраи Ислом Каримов меърос монда, дар замони Шавкат Мирзиёев низ идома дорад.

Яъне, усулан сиёсати Туркманистону Ӯзбекистон тағйир наёфтааст, чун ин иқдомро мувофиқ ба таърифи манфиатҳои миллии худ анҷом доданд ва ин ҳаққи ҳалоли онҳо ҳам ҳаст. Чунин бархӯрд дар формати дуҷониба аст, вале дар формати дипломатияи бисёрҷониба шинохти хатарҳо тағйир наёфтаанд. Усулан дар доираи ИДМ, СПАД ва ҳатто СҲШ (асли чинӣ – муқовимат бо се “изм” – терроризм, экстремизм ва сепаратизм) таърифи таҳдидҳои вобаста ба ҳаракатҳои террористӣ дигар нашудаанд. Чун он дар давоми 20 соли охир шакл гирифта, дар як лаҳза бекор намудани онҳо ғайриимкон аст. Дар сурати риоя нагардидан – асли самаранокӣ ва зарфияти қонунии (дееспособность) ин созмонҳо зери суол мераваду обрӯю эътибори онҳоро паст мекунад.

Аз ин дидгоҳ, манфиатҳои миллии Тоҷикистон вобаста ба Толибон ҳамеша зери хатар буданд ва ҳоло чизе тағйир наёфтааст. Чунин ҳолатро дар Душанбе хеле хуб дарк мекунанд, чун ҳамеша дар суханронӣ ва мулоқоту дидорҳои роҳбарияти олии сиёсӣ ва дигар шахсони расмӣ ба назар мерасад.

Як нуктаи дигар: мутобиқ ба асли шарикии стратегӣ, ки Тоҷикистон чунин ҳуҷҷатро бо Чин (2013) Қазоқистон (2015), Туркманистон (2017), Ӯзбекистон (2018) ва Беларус (2019) имзо кардааст ва мувофиқи созишномаи ҳамкории шарикӣ бо Русия (1999), ки бозгӯкунандаи шарикии стратегӣ аст – кишварҳо бояд иқдомҳои сиёсати хориҷии худро бо ҳам мувофиқа кунанд, то манфиатҳои онҳо ҳифзу татбиқ шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...