Ду шаҳрванди Афғонистон дар марзи Тоҷикистон бо 92 кг маводи мухаддир боздошт шудаанд

Date:

Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд аз мусоидат карданаш дар кашфи як шабакаи фаромиллии нашъаҷалобон дар вилояти Хатлон ва мусодираи беш аз 92 кг маводи мухаддир хабар медиҳад. Ба иттилои ин ниҳод, дар пайванд ба ин ду шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боздошт шудаанд, ки бо роҳҳои махфӣ ин миқдор мухаддаротро ба ҳудуди Тоҷикистон ворид кардаанд.

Аз маркати матбуоти Раёсати умури дохилаи вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки бар асоси дарёфти маълумоти оперативии ШВКД Хуҷанд ин ду шаҳрвандаи Афғонистон боздошт шудаанд.

Ин ниҳод аз ин ду узви боздоштшудаи шабакаи фаромилии нашъаҷалобон Ислом валади Ҷӯраболтаи 48-сола ва Муроди Ҳабибраҳмон валади Муҳаммадалии 29-сола ном мебарад. Онҳо сокинони вилояти Тахор, шаҳри Янгиқалъаи  Афғонистон буда, ҳангоми интиқоли 79 килою 15 грамм воситаи нашъадори навъи афюн ва 13 килою 70 грамм ҳашиш аз Афғонистон дар марзи Тоҷикистон боздошт шудаанд.

“Ин ду гумонбарони қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонӣ боздошт шуданд, ки аз онҳо дар умум 92 килою 85 грамм маводи нашъаовари навъи афюн ва ҳашиш ҳамчун далели шайъи мусодира шуд. Ба фарзияи оперативӣ гумонбарони ҷинояти қочоқи маводи мухаддир аз интиқолдиҳандагон воситаи нашъадорро бо роҳҳои махфӣ ба қаламрави Тоҷикистон ворид кардаанд, ки тавассути ноҳияи Ҳамадонӣ ва Фархори вилояти Хатлон анҷом медоданд”.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

Ба иттилои манбаъ вобаста ба далели ошкоргардида нисбати ду шаҳрванди Афғонистон бо моддаи 200 қисми 4-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон “муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин банди қоқнун аз 12 то 20 сол маҳруми аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Раёсати умури дохилаи Суғд мегӯяд, барои муайян ва боздошти шарикони ин ду шабакаи трансмиллии нашъаҷалоб, ки дар қаламрави Тоҷикистон фаъолияти пинҳонӣ мебаранд тадбирҳои иловагии оперативӣ дар мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷанд ба роҳ монда шудааст. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Сафири Тоҷикистон дар Кобул бо вазири корҳои хориҷии Толибон дидор кардааст

Саъдӣ Шарифӣ, сафири Тоҷикистон дар Кобул бо Амирхон Муттақӣ,...

Беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар давлатҳои ҷангзада. Теъдоди оилаҳои тоҷик чӣ қадар аст?

Дар давлатҳои ҷангзада беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон боқӣ...

250-300 зану кӯдаки тоҷик дар Сурияву Ироқ мондаанд. Тақдири онҳо норавшан аст

Ҳоло дар аз минтақаҳои ҷангзадаи Сурия ва Ироқ тахминан...

Роҳбари МТС як омили асосии даргириҳои охир дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистонро гуфт

Хайриддин Усмонзода, раҳбари Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и Тоҷикистон мегӯяд,...