Кортҳои “МИР” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунанд ва кадом бонкҳо онҳоро қабул мекунанд?

Мусои Бобоҳоҷӣ, Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Аз 10 март низомҳои пардохти Visa ва Mastercard  фаъолияти худро дар Русия қатъ карданд. Акнун барои интиқоли маблағ ба ҷойи онҳо метавон аз корти “МИР” истифода бурд. Лекин на ҳама бонкҳои Тоҷикистон онро қабул мекунанд.

Кортҳои “МИР”-и дар Русия нашршуда дар Тоҷикистон кор мекунанд?

Кортҳои низоми пардохти “МИР”-и дар Русия, инчунин дар кишварҳои шарики низоми пардохти “МИР” нашршуда дар Тоҷикистон ҳам кор мекунанд.

Онҳоро дар куҷо қабул мекунанд?

Кортҳои низоми пардохти “МИР” дар ҳамаи дастгоҳҳои БДА “Амонатбонк” ва Dushanbe City – банкомату хазина (касса) ва дар корхонаҳои савдо ва хидматрасонӣ (нуқтаҳои фурӯш) қабул карда мешаванд.

Аз кадом банкоматҳо метавон тариқи корти “МИР” пул гирифт?

Пулро аз ҳамаи банкоматҳо ва хазинаҳо (кассаҳо)-и шабакаи “Амонатбонк” ва Dushanbe City гирифтан мумкин аст.

Бо кадом асъор пулро гирифтан мумкин аст?

Маблағро бо пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ гирифтан мумкин аст.

Зимни интиқол ба/аз Русия мубодила чӣ гуна сурат мегирад?

Мубодила мувофиқи қурби фурӯш анҷом дода мешавад.

Пулро аз Тоҷикистон ё баръакс чӣ хел ба корти “МИР” гузаронидан имкон дорад?

Пулро ба корти “МИР” аз Тоҷикистон метавон тариқи замимаи “АмонатМобайл” ва Dushanbe City интиқол дод. Ба Русия бошад, маблағро ба корти “МИР” аз ҳама гуна замимаи мобилии бонкҳои Русия гузаронидан имкон дорад.

Кортҳои “МИР” дар Тоҷикистон нашр мешаванд ва дар кадом бонк?

БДА “Амонатбонк” дар марҳилаи ниҳоии анҷоми корҳо оид ба нашри Низоми миллии пардохти “Корти Милли” бо имкони хидматрасонӣ дар Русия ва кишварҳои шарики низоми пардохти “МИР” қарор дорад.

Боз дар кадом кишварҳо корти “МИР” қабул мешавад?

Ба сурати умум, корти “МИР” дар даҳ кишвари ҷаҳон қабул мешавад: Тоҷикистон, Туркия, Ветнам, Арманистон, Ӯзбекистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазия.

Ҳамагӣ чӣ қадар корти “МИР” нашр шудааст?

Ба гуфтаи роҳбари Низоми миллии кортҳои пардохти Русия Владимир Комлев, то 1 марти соли 2022 ҳудуди 116 млн корти “МИР” нашр шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...