Аз “пионервожат” то ректорӣ: раҳбари нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд кист?

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Усмонзода Аюб Ислом бо қарори раиси ҳукумати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ректори нави Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таъин шуд. Курсии ректори ин донишгоҳи бузургтарини вилояти Суғд аз 21-уми феврал ба ин сӯ, холӣ буд. 

Ҷамшед Ҷӯразода, ректори собиқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар моҳи феврал аз мақомаш барканор ва муовини аввали вазири маорифи Тоҷикистон таъин шуда буд.

Аюб Усмонзода то расидан ба курсии ректори бузургтарин мактаби олии вилояти Суғд, муовини ректори ҳамин донишгоҳ дар умури тарбиявӣ буд ва 50-сола мебошад.

Аюб Усмонзода 3 марти соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соли 1995 факултаи таъриху ҷомеашиносии Донишгоҳи давлатии Хуҷандро хатм кардааст. 

Ӯ то расидан ба мақоми ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд дар вазифаҳои сарпионервожатии мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд (1989-1991), ҷонишини директор ва муаллими таърихи мактаби миёнаи № 9 (1991-1993), муаллими таърихи мактаби миёнаи № 15-и Хуҷанд дар солҳои 1993-1994 буд.

Аммо баъди солҳои 1994 ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд омада, корро дар ин мактаби олии шимолии Тоҷикистон ба ҳайси танзимгари факултети таърих оғоз кардааст.

Солҳои 1998-2019 дараҷаҳои илмии номзад ва доктори илмҳои таърихро соҳиб шудааст. Дар вазифаҳои мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон, ҷонишини раиси кумитаи иттифоқи касабаи ин донишгоҳ низ кор кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...