Ба Тоҷикистон тавсия доданд, ки аз гирифтани қарзҳои гарон худдорӣ кунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Созмону ниҳодҳои молиявии мададрасон ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия медиҳанд, ки аз ҷалби қарзҳои бидуни имтиёз худдорӣ кунад, зеро кишвар дар минтақаи хавфи баланди буҳрони пардохти қарз қарор дорад.

Дар “Гузориши рушди Осиё 2022”-и Бонки осиёии рушд (БОР гуфта мешавад, таҳлили муштараки устувории қарз, ки аз ҷониби коршиносони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор гузаронида шуд, нишон дод, ки ҳам дар қарзи хориҷӣ ва ҳам қарзи давлатӣ хавфи баланди пардохти қарз вуҷуд дорад.

Муаллифони гузориш таъкид мекунанд, ки аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 таносуби қарзи давлатӣ (ҳаҷми умумии қарзи дохилӣ ва хориҷӣ)-и Тоҷикистон нисбат ба ММД-и кишвар ба 43,8% расид.

Зикр мешавад, ки 87%-и қарзи давлатии Тоҷикистонро қарзҳои хориҷӣ ташкил медиҳанд.

Хавфи баланди буҳрони пардохти қарз ба омилҳое чун касри доимии буҷети кишвар, истифодаи зиёди қарзҳои бидуни имтиёз, аз ҷумла 500 млн доллари соли 2017 аз ҳисоби ҷойгир кардани коғазҳои қиматноки давлатӣ (евробондҳо) дар бозорҳои молиявии байнулмилалӣ дастрасшуда бо меъёри 7,12%, рабт дода мешавад.

Ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки минбаъд аз ҷалби чунин қарзҳои гарон худдорӣ кунад.

Мувофиқи таснифи Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон дар гуруҳи кишварҳои сатҳи даромадашон паст (low income economies) қарор дорад, ки дар он ММД ба ҳар сари аҳолӣ – камтар аз 1026 доллар аст. Ба ин гуруҳ асосан кишварҳои африқоӣ шомиланд. Аз рӯи натиҷаҳои соли 2020 ММД ба ҳар сари аҳолӣ дар Тоҷикистон 885 долларро ташкил дод. Тоҷикистон ягона кишварест дар паҳнои пасошӯравӣ, ки то ҳол дар гуруҳи ин кишварҳо боқӣ мондааст.

Коршиносони БОР интизорӣ доранд, ки таносуби қарзи давлатии Тоҷикистон нисбат ба ММД дар соли 2027, ки қарзҳо аз евробондҳо пардохта мешаванд, ба эътидол меояд.

Қарздиҳандаи асосии Тоҷикистон Чин мебошад, ки зиёда аз се як ҳиссаи қарзи хориҷии ҷумҳурӣ ба он рост меояд.

Ҳамчунин Тоҷикистон дар ҳаҷми начандон зиёд ба Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки исломии рушд ва Хазинаи байнулмилалии асъор қарздор аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...