Нахустин ҳайати расмӣ аз Русия баъди ҷанг дар Укроин барои тиҷорати меваву сабзавоти Тоҷикистон омад

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Баъди ҷанги Русия дар Укроин ва буҳрони сарзада аз низоъ нахустин ҳайати расмии яке аз вилоятиҳои Русия барои ба роҳ мондани хариду фурӯши меваву сабзавоти Тоҷикистон, ба вилояти Суғд омаданд. Зоҳиран Русия баъди шуруъи ҷанг дар Украина ва таҳримҳои Ғарб ба ин кишвар ба меваву сабзавоти Тоҷикистон бештар таваҷҷуҳ кардаву мехоҳад додугирифтро дар ин бахши муҳими кишоварзӣ тақвият бахшад.

Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов зимни ташриф ва дидораш бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, гуфтааст ба меваву сабзавоти Тоҷикистон дар Русия талабот ҳаст ва омодаанд додугирифти тиҷоратиро афзоиш диҳанд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд рӯзи 10-уми апрел Президенти Палатаи савдо ва саноати вилояти Липетск Анатолий Голтсов бо доираҳои соҳибкории Русия ба шимолии Тоҷикистон омада бо раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода мулоқот кард.

Анатолий Голтсов гуфтааст, ин вилояти Русия ба афзоиши додугирифти тиҷоратӣ омода аст ва ба меваю сабзавоти Тоҷикистон дар Русия талабот мавҷуд аст.

Раиси вилояти Суғд аз саноатикунонии босуръати Тоҷикистон, ки ҳадафи стратегӣ маҳсуб меёбад ёдовар шуда гуфтааст, доираҳои тиҷоратии ҳарду вилоят метавонанд барои ташкили корхонаҳои муштарак иқдом кунанд, ки ба манфиати ҳарду ҷониб хоҳад буд. Мақомоти Суғд аз маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ, ки дар ҳудуди вилоят истеҳсолу коркард мешавад таъкид карда гуфтаанд, содироти он ба бозорҳои вилояти Липетск метавонад манфиатовар бошад.

Дар оғози моҳи апрел президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор дошта буд, ки сабзавоту меваеро, ки воридоташон аз кишварҳои Ғарб қатъ мешавад, ба ҳамин гуна маҳсулот аз Тоҷикистон иваз кардан мумкин аст. Сафири Тоҷикистон низ гуфта буд, байни давлатҳо дар соҳаи кишоварзӣ имконоти зиёд мавҷуд аст.

Аммо ба гуфтаи Сергей Катирин мушкилоти аслӣ дар рушди равобити тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон ин мавҷуд будани душвориҳо дар логистика ва ҳамлу нақли молу маҳсулот аст. Ӯ гуфта буд, ки “мо бояд аз шароити нав фаъолона истифода бурда, доираи васеи соҳибкоронро ҷалб кунем”. Ва пешниҳод кардааст ки барои доираҳои тиҷоратӣ як пул (тамос)-и видеоӣ ташкил карда шавад, то ки онҳо саривақт мушкилоти ҷойдоштаашонро ҳаллу фасл кунанд.

Бино ба иттилои Оҷонсии омори Тоҷикистон, соли 2021 Русия аз Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 72,5 млн доллар молу маҳсулот ворид намудааст, ки қисмате аз онро сабзавоту мева ташкил медиҳад. Соли гузашта байни кишварҳои воридкунандаи молу маҳсулот аз Тоҷикистон Русия зинаи 8-умро ишғол намуд, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон 3,4%-ро ташкил дод. Ҳамзамон аз  ҳудуди аз се як ҳиссаи воридоти умумии Тоҷикистон дар соли 2021 ба Русия рост омад, ки соли гузашта Русия ба Тоҷикистон ба маблағи наздики 1,3 млрд доллар молу маҳсулот содир кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...