Тағйироти кадрӣ: Субҳонзода аз Агентии ҳавонавардӣ барканор ва раиси Агентии назорат дар соҳаи маориф шуд

Asia-Plus

Бар асоии иттилои дарёфтии "Азия-Плюс" имрӯз дар бархе аз ниҳодҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ сурат гирифтааст. Бар пайи ин тағйирот Икром Субҳонзода аз мақоми мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон барканор шудааст.

Як манбаи "Азия – Плюс" дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон гуфт, ки Субҳонзода бо фармони президент мудири Агнетии давлатии назорат дар соҳаи маориф ва илм таъин шудааст. Аммо ҳоло маълум нест, ки ба ҷойи Субҳонзода кӣ мудири Оҷонсии ҳавонавардии шаҳрвандии Тоҷикистон таъин шудааст.

Икрон Субҳонзода дар гузашта ҳам дар Вазорати маориф ва илми кишвар кор мекард.

Раиси пешини Оҷонсии давлатии назорат дар соҳаи маориф Шоҳин Саидзода, писари вазири собиқи маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саид буд, ки 21-уми феврал аз мақомаш барканор шуда буд.

Ҳамчунин бар пайи тағйироти имрӯз, Зубайдулло Абдулзода муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон таъин шудааст.  Абдуллозода то ин дам мудири Литсейи шумораи 1-и Душанбе буд. 

Бо қарорҳои дигари раиси ҳукумати Тоҷикистон Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Ғафуров, Сарвар Қурбониён, муовини вазири молия ва Нигина Абдураҳмонзода, директори Агентии рушди бозори қоғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсусгардонидашудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...