Рӯзи пойтахт шанбеи ҳамин ҳафта ҷашн гирифта мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Ҷашни Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 16 апрел рост меояд.

Консерти асосии устодони санъати Тоҷикистон таҳти унвони “Ту қалби Тоҷикистон, Душанбе” рӯзи 16 апрел дар толори консертии “Кохи Сурӯш” доир мегардад, хабар дод ба “Азия-Плюс” роҳбари Раёсати фарҳанги шаҳр Нуралӣ Шоҳиён.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳамин ҷо то оғози консерт маросими тақдими ҷоизаҳо ба ғолибони озмунҳои шаҳрӣ баргузор мешавад.

Дар консерт дастаҳои маъруфи мусиқи ва рақсӣ, инчунин сарояндагони писандидаи эстрада ҳунарнамоӣ мекунанд.

Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки дар консерт ба ҷуз бархе касони даъватшуда, ҳамаи хоҳишмандон иштирок карда метавонанд.

“Толори консертии “Кохи Сурӯш” ҳудуди 700 ҷойи нишаст дошта, даромадан ба консерт озодона аст”, – иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Мувофиқи қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ, дар ҷашни Рӯзи пойтахт дар ҳамаи боғҳои шаҳр консерт ва сайругаштҳои оммавӣ доир мегарданд.

Рӯзи ҷумъа, 15 апрел ба муносибати Рӯзи пойтахт дар боғи ба номи Фирдавсӣ аз соати 9-и субҳ намоишгоҳ-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ва сайёҳӣ барои сокинони шаҳр ба кор оғоз мекунад.

Дар ҳамин ҷо намоиши дастовардҳои ҷавонони пойтахт ва баргузории шоу-барнома ба нақша гирифта шудааст.

Соати 16-и ҳамин рӯз дар боғи ба номи Айнӣ ба ҳамин монанд чорабинӣ ва соати 15 дар дар боғи “Куруши Кабир” дар ноҳияи Шоҳмансур чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.

Дар ҳамин ҳол, соати 9-и субҳи 16 апрел дар Душанбе бахшида ба Рӯзи пойтахт 12-умин ниммарафон оғоз мегардад. Барои баргузории ниммарафон аз Фонди рушди шаҳр 611 ҳазору 530 сомонӣ ҷудо шуда, дар он иштироки варзишгарони даванда аз минтақаҳои гуногуни кишвар ва бародаршаҳрҳои Душанбе дар назар аст.

Нахустин Ниммарафони байнулмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон ба масофаи қариб 21 километр бо иштироки варзишгарон аз 14 бародаршаҳри Душанбе ва ҳамчунин марафончиёни беҳтарини кишвар моҳи апрели соли 2010 баргузор шуда буд.

Соли 2013 Ниммарафони Душанбе ба тақвими расмии Ассотсиатсияи марафонҳо ва мусобиқаи давидан ба масофаҳои дароз ворид шуд, ки аз мақоми баланди он гувоҳӣ медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...