БМТ қурби рублро нисбати сомонӣ то сатҳи аввали моҳи апрел баргардонд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби рубли Русия нисбат ба пули миллии Тоҷикистон – сомонӣ пас аз босуръат болоравии он дар ҳафтаи гузашта, тайи ду рӯзи ахир ба сатҳи то аввали моҳи апрел баргашт.

Мувофиқи қурби муқарраркардаи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ), имрӯз, 14 апрел 1 рубл ба 0,1525 сомонӣ баробар аст ва ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта қурби он – 0,1715 сомониро ташкил медод.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, қурби пули русӣ дар бозори нақди асъори ҷумҳурӣ фарқияти хеле зиёд дорад.

Масалан, қурби хариди рубл чанде пеш дар нуқтаҳои мубодилаи асъори “Амонатбонк” 0,1360 сомонӣ ва дар нуқтаҳои “Аввалин бонки молиявии хурд” – 0,1565 сомониро ташкил медод.

Қурби фурӯши рубли русӣ дар “Амонатбонк” ба 0,1370 сомонӣ ва дар “Коммерсбонк Тоҷикистон” – то ба 0,1660 сомонӣ баробар буд.

Қурби нақди хариди рубл дар нуқтаҳои бонкӣ 0,1462 сомонӣ ва қурби фурӯш – 0,1515 сомониро ташкил медиҳад.

Зуд-зуд тағйирёбии қурби рубл дар Тоҷикистон пас аз оғози даргириҳои ҳарбӣ байни Русия ва Украина ду моҳ инҷониб ба мушоҳида мерасад. Қурби рубл ҳам расмӣ ва ҳам дар бозори нақдӣ қариб ҳар рӯз тағйир меёбад.

Кормандони бонкҳои Тоҷикистон инро ба тағйирёбии қурби рубл нисбати асъори ҷаҳонӣ дар пасманзари амалиёти ҳарбӣ дар Украина ва таҳримҳои  кишварҳои ғарб нисбати Русия марбут медонанд.

Тайи шабонарӯзи ахир Бонки марказии Русия қурби рублро нисбат ба доллар аз 79,63 рубл дар рӯзи 13 апрел то ба 79,85 рубл барои имрӯз поин бурд.

Қобили зикр аст, ки рубли русӣ дар ҳаҷми зиёд тариқи интиқолҳои шахсони воқеӣ аз Русия ба низоми бонкии кишвар ворид мешавад, лекин ба қабулкунандагон танҳо бо пули миллӣ – сомонӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...