Дар Ӯзбекистон филиали ягона донишгоҳи байналмилалии Тоҷикистон таъсис меёбад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон филиали Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар ин бора намояндагони гурӯҳи кории ду кишвар розигии худро доданд ва хулосаи ниҳоӣ ба ҳукумати кишварҳо ирсол мегардад, хабар медиҳад Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

Манбаъ мегӯяд, ҷаласаи гурӯҳи корӣ, дирӯз, 13 апрел дар Тоҷикистон баргузор гардид ва ниҳоӣ шуд.

Зикр шуд, ки аз соли 1993 то 1998 чунин як донишкада дар шаҳраки Шарғуни ноҳияи Сариосиёи Ӯзбекистон фаъолият дошт ва дар ин давра онро беш аз 2 ҳазор нафар муҳассилини ӯзбекистонӣ хатм намуданд. Фаъолияти он соли 1998 қатъ гардид. Сабаби қатъи он гуфта нашудааст.

– Соли таҳсили 1993-1994 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтикори раёсати донишгоҳ (он замон донишкада) тибқи шартномаи тарафайн бо Ҳокимияти ноҳияи Сариосиёи Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 15 июли соли 1993 филиали муассиса таъсис дода шуда, он то соли 1998 фаъолият кардааст. Дар ин давра беш аз 2000 нафар муҳассилин аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба таҳсил фаро гирифта шуда, онро бомуваффақият хатм намудаанд, – қайд шуд дар ҷаласа.

Ба таъкиди масъулин, таъсиси филиали донишгоҳ дар Ӯзбекистон имкон фароҳам месозад, ки низоми таҳсилоти малакат ва фаъолияти донишгоҳ дар арсаи минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ гардида, шарикони нав барои ҳамкорӣ пайдо карда шаванд.

– Таъсис ва пешбурди фаъолияти донишгоҳ аз ҳисоби маблағҳои махсуси муассиса ба роҳ монда мешавад, – зикр шуд зимни ҷаласа.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон бо Вазири таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Ӯзбекистон Абдуқодир Тошқулов дар баробари масъалаи баробарарзишӣ (нострификатсия) – и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистонро дар ин кишвар, ҳамчунин масоили дигар, мисли таъсиси бахши забони тоҷикӣ дар Донишгоҳи давлатии вилояти Бухоро ва таъсиси факултаҳо ва филиалҳои донишгоҳ ва донишкадаҳои Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ва филиалҳо ва факултаҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ӯзбекистон дар Тоҷикистонро баррасӣ карда буд.

Баррасии баробарарзишӣ (нострификатсия) -и дипломҳои муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва таъсиси филилали донишгоҳу донишкадаҳои якдигар дар ҳолест, ки моҳи феврали соли равон Бозрасии давлатии назорати сифати таҳсилоти назди Девони вазирони Ӯзбекистон рӯйхати 1000 донишгоҳи хориҷиеро нашр кардааст, ки дипломашон дар Ӯзбекистон бидуни баробарарзишӣ ё (нострификатсия) эътироф карда мешавад. Дар ин рӯйхат ҳеҷ донишгоҳи Тоҷикистон роҳ наёфта буд.

Бояд гуфт, ки дар Ӯзбекистон тибқи фармони раисҷумҳур аз 1 марти соли 2019 тартиби нави эътироф ва баробарарзишӣ (нострификасия) – и ҳуҷҷатҳои дар хориҷи кишвар додашуда ҷорӣ карда шуд.

Тибқи фармон дипломе, дар ин кишвар эътироф мешавад, ки он донишгоҳ ба қатори ҳазор донишгоҳи аввали эътирофшуда (рейтингҳои ARWU, THE, QS) дохил мешаванд. Дар ин сурат онҳое, ки дар Тоҷикистон таҳсил карданд, бояд дар ин кишвар дипломашонро барои баробарарзишӣ пешниҳод кунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...