“Облава” буд ё не: хабарнигори ТВ “Душанбе”- ро ба қисми ҳарбие ба ВМКБ бурдаанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шоҳрухи Исмоил, корманди телевизиони “Душанбе”, ки се рӯз пеш навори боздошт ва зӯран ба мошин бор карданаш дар шабакаи иҷтимоӣ пайдо шуду корбарон онро сарбозшикор ё “облава” гуфтанд, ба қисми ҳарбие дар Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон барои адои хизмат фиристода шудааст. Дар ин бора яке аз дӯстони наздики Шоҳрух ба “Азия – Плюс” хабар дод.

Чанд рӯзе пеш навори боздошт ва ба мошин бор кардани ҷавоне ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, ки ба гуфтаи корбарон лаҳзаи боздошт ва иҷборан ба артиш бурдани Шоҳрухи Исмоил, сокини ноҳияи  Рӯдакӣ ва корманди телевизиони “Душанбе” буд.

Дар навор дида мешавад, ки се нафар бо либоси мулкӣ ҷавонро зӯран дар мошине бор мекунанд. Ҷавони боздоштшуда “ҳой мардум, кӯмак кунед” гуфта, дод мезад.

Дида мешуд, ки навор дар назди кинотеатри “Ватан”, дар наздикҳои дафтари кори телевизиони "Душанбе" дар пойтахт сабт шуда, ин лаҳзаро шахсе аз дохили мошин ба навор гирифта, дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузоштааст.

Гуфта мешавад, ки ҳодиса рӯзи 12 апрел дар рӯзи зодрӯзи Шоҳрухи Исмоил рух додааст.

Наздикони ӯ дар суҳбат бо расонаҳо гуфтаанд, ки ӯро тариқи сарбозшикор ё “облава” ба артиш бурдаанд, вале мақомот гуфтанд, ин ҳодиса сарбозшикор набуд.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯйи Вазорати дифоъ дар суҳбат бо мо гуфт, онҳо чанд маротиба ба суроғаи Шоҳрухи Исмоил барои ихтиёрӣ ҳозир шудан ба комиссариати ҳарбӣ барои адои хизмати ҳарбӣ даъватнома доданд, вале, Шоҳрухи Исмоил ихтиёран ҳозир нашуд ва баъдан номашро ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ доданд, то ӯро ба комиссариати ҳарбӣ биёранд.

– Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пайдо карда оварданд. Дидем, қобили хидмати ҳарбӣ аст, ба сафи нерӯҳои мусаллаҳ фиристодем,-  афзуд Маҳмадалиев.

Дар ҳамин ҳол, яке аз бародарони Шоҳрух бо номи Абдулло дар суҳбат бо радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки саломатии бародараш хуб набуд ва Додситонии ҳарбӣ ариза навишта, хостаанд, ки саломатии бародараш аз нав санҷида шавад..

Бародари ӯ, гуфтааст, агар Шоҳрухи Исмоил бо даъватнома ба комиссариат ҳозир нашуд, чаро ӯро на дар ҷойи зисташ, ноҳияи Рӯдакӣ, балки дар пойтахт “облава” карда бурданд.

Дар ҳоле, ки рузи 11 апрел Вазорати дифои Тоҷикистон аз иҷро шудани 40 дарсад нақшаи давъати ҳарбӣ дар кишвар хабар медиҳад, дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ навори боздошти иҷбории ҷавонон аз сӯи нафарони ношинос паҳн мешавад, ки корбарон онро сарбозшикор ё “облава” меноманд.

Мақомот ҳамеша ба набудани "облава" таъкид карда, мегӯянд, ҷавонони баъди гирифтани даъватнома агар ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир нашаванд, пулис ҳақ дорад, онҳоро зӯран ҳозир кунад.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд. Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. То ба ҳол беш аз 450 ҷавон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад. Иддаое ки мақомот ҳамеша рад мекунанд ва аз афзудани сафи ихтиёриёни хидмати ҳарбӣ мегӯянд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...