Сафорати Русия дар Тоҷикистон: Тоҷикон наметавонанд тавассути роҳҳои заминии Қазоқистон ба Русия бираванд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфтааст, ки тавассути сарҳади заминии Қазоқистон, ки рӯзи 11 апрел бо қарори ҳукумати ин кишвар боз шуд, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд, вориди Русия шаванд. Ин изҳорот дар саҳифаи расмии “Telegram” – и намояндагии дипломатӣ нашр шудааст.

– Тибқи фармони мазкур, вуруди озод ба Русия тавассути гузаргоҳҳои заминӣ дар марз бо Қазоқистон танҳо барои шаҳрвандони Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Қазоқистон боз аст, – гуфтанд дар сафорат.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки убури шаҳрвандони кишварҳои сеюм, аз ҷумла Тоҷикистон, аз Қазоқистон ба Русия танҳо дар баъзе мавридҳо, дар сурати мавҷуд будани асосҳои иловагии ҳуҷҷатӣ барои вуруд тибқи тартиби зикршуда имконпазир аст:

– ҳузури хешовандони наздик – шаҳрванди Русия

– ворид шудан ба хешовандони наздики бемор, ки ба нигоҳубин эҳтиёҷ доранд

– иштирок дар Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон ва ғ.

– Барои роҳ надодан ба нофаҳмиҳо, сафорат ба таври қатъӣ тавсия медиҳад, ки танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда ва шаҳрвандии Русияро доранд, барои ворид шудан ба Русия аз марзи Русияву Қазоқистон истифода кунанд, – омадааст дар ин изҳорот.

Ёдовар мешавем, ки Хадамоти матбуоти ҳукумати Қазоқистон хабар дод, ки аз 11 апрели соли равон ин кишвар маҳдудиятҳои убури сарҳади заминиро бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор мекунад.

Бар асоси ин изҳорот, ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд тавассути роҳҳои заминӣ танҳо то ба Қазоқистон раванд. Қазоқистон ба шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Тоҷикистон тавассути марзҳои заминияш имкон медиҳад, ки аз он кишвар ба кишварҳои дигар хориҷ шаванд, ба шарте, ки кишвари дигар ин шаҳрвандонро иҷозаи вуруд бидиҳад.

Дар изҳороти ҳукумати Қазоқистон омадааст, ки “бо дарназардошти ба эътидол омадани вазъи эпидемиологӣ, тасмим гирифта шуд, ки аз 11 апрели соли ҷорӣ барои шаҳрвандони Қазоқистон, шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷиён маҳдудиятҳои гузаштани сарҳади Қазоқистон дар гузаргоҳҳои заминӣ бо Русия, Ӯзбекистон ва Қирғизистон бекор карда шаванд”.

Дар ҳамин ҳол, талаботи пешниҳоди ҳатмии маълумотнома (справка) бо натиҷаи манфии ташхиси COVID-19 бо методи ПСР ё ҳуҷҷат/шиноснома дар бораи пурра гузаштан аз давраи ваксингирӣ, ваксинзании дубора зидди COVID-19 барои шаҳрвандони Қазоқистон ва хориҷиён боқӣ мемонад.

Ҳафтаи гузашта як масъулини сафорати Тоҷикистон дар Қазоқистон дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфта буд, ки ин тасмим ба шаҳрвандони Тоҷикистон дахл надорад ва онҳо наметавонанд, тавассути Қазоқистон вориди кишварҳои ҳамсояааш, аз ҷумла Русия  шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...