Дар соли 2021 қарзи корхонаҳои давлатии Тоҷикистон $2,5 млрд кам шуд

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қарзи кредитории корхонаву ташкилотҳои Тоҷикистон то аввали соли ҷорӣ каме бештар аз 60,5 млрд сомонӣ (5,4 млрд доллар бо қурби аввали соли 2022)-ро ташкил дод, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.

Ин қариб ба андозаи 32% ё худ 27,8 млрд сомонӣ (наздики 2,5 млрд доллар бо қурби миёна дар соли 2021) камтар нисбат ба нишондиҳандаи аввали соли 2021 – 88,3 млрд сомонӣ (зиёда аз 7,8 млрд доллар) мебошад.

Қарзҳои батаъхирафтода дар сохтори қарзи кредиторӣ ҳамагӣ ба 3,7% – ҳудуди 2,3 млрд сомонӣ баробар аст.

Зиёда аз нисфи корхонаҳои зиёновар дар Душанбе ва минтақаи гирду атрофи он ҷойгир шудааст.

Қарздори нисбатан зиёдтар байни корхонаҳои Тоҷикистон ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки қарзи кредитории он то аввали ҳамин сол ҳудуди 32,3 млрд сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, ҳиссаи корхона ва ташкилотҳои зиёновар дар давоми соли 2021 аз 25,5% дар аввали сол то ба 19% дар охири сол коҳиш ёфтааст.

Ин асосан корхонаҳои саноати истихроҷи кӯҳӣ, бахши сохтмону нақлиёт ва соҳаи алоқа мебошанд.

Ҳукумат ҳанӯз соли 2019 ба сохторҳои марбута дастур дода буд, ки дар мавриди коҳиши қарзҳои корхонаҳои бузурги давлатӣ чораҳои тахирнопазир андешида шавад. Бо ин мақсад Шӯрои ҳамоҳангсоз оид ба масоили идоракунии хавфҳои молиявии корхонаҳои давлатӣ таъсис дода шуд. Шӯрои таъсисёфта ба ҳимоя аз манфиатҳои молиявӣ ва амволӣ, ҷорисозии идоракунии корпоративӣ ва беҳбуди фаъолияти корхонаҳои давлатӣ, ки ҳиссаи давлат дар он зиёда аз 50%-ро ташкил медиҳад, уҳдадор шуд.

Мувофиқи маълумоти расмии оморӣ, дар ҷумҳурӣ ҳудуди 800 корхона бо сармояи давлатӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбатан бузуртаринашон ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» (100%), ҶСК «Роғун» (95%), ҶСК «Тоҷиктелеком» (95%), воҳидҳои «Барқи тоҷик» (100%), ҶСК «Тоҷиктрансгаз» (100%), ҶСК «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» (100%), ҶСК «Тоҷик Эйр» (100%), ҶСК «Сементи тоҷик» (100%) мебошанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...