Иттиҳоди Аврупо то ин дам ба Укроин €1,5 млрд ёрии низомӣ кардааст

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Аз оғози ҷанги Русия дар Укроин ҳаҷми ёриҳои низомии Иттиҳоди Аврупо ба Укроин ба  €1,5 млрд расидааст. Дар ин бора роҳбари Шӯрои Аврупо Шарл Мишел дар шаҳри Киев хабар дод.

Мишел бо президенти Укроин Владимир Зеленский мулоқот кард. Президенти Укроин гуфт, ки онҳо таҳримҳои зидди Русия, инчунин кӯмаки низомиву мудофиавии Иттиҳоди Аврупо ба Киевро баррасӣ кардаанд.

Зеленский ҳамчунин илова кард, ҷонибҳо суолномаеро баррасӣ кардаанд, ки Укроин ахиран барои шомил шудан ба Иттиҳоди Аврупо онро пур карда буд. Чанд рӯзи пеш мақомоти Укроин онро ба Иттиҳод супориданд.

Мишел дар сафараш ба Укроин ба шаҳраи Бородянки наздики Киев рафт, ки чанде пеш артиши Русияро он шаҳракро холӣ карда буд. Укроин артиши Русияро дар хушунат нисбати афрди мулкӣ гумонбар мекунад.

"Таърих ҷиноятҳои ҷангиеро фаромӯш нахоҳад кард, ки инҷо содир шудаанд. Ҳеч сулҳе бидуни адолат пойдор нахоҳад монд", – навишт роҳбари Шӯрои Аврупо дар саҳифаи Твиттер.

Аз оғози ҳамалаи Русия ба Укроин тибқи иттилои СММ, бештар аз 2 ҳазор сокини осоишта, аз ҷумла кӯдакон кушта шудаанд. Бештар аз 5 миллион кас Укроинро тарк карданд. Теъдоди муҳоҷирони иҷбории дохилӣ дар Укроин ба бештар аз 7 миллион мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...