Илон Маск Twitter-ро бар ивази $44 млрд мехарад

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Миллиардер ва асосгузори ширкатҳои SpaceX ва Tesla Илон Маск гуфтааст, ширкати " Twitter"-ро харидорӣ хоҳад кард. Дар ин бора рӯзи душанбе созиш ҳосил шуда, хабарро дар худи "Twitter" низ тасдиқ карданд.

Қарор аст, ширкати мазкур ба маблағи наздики 44 миллиард доллари амрикоӣ фурӯхта шавад.

Маск дар изҳороташ дар бораи харидории "Twitter" аҳамияти озодии баёнро ёдовар шуд. Вай ҳамчунин изҳори умед кард, ки ҳатто мухолифони сарсахташ низ саҳифаҳои худро дар ин шабакаи иҷтимоӣ ҳазф нахоҳанд кард.

Ҳанӯз рӯзи душанбе маълум шуда буд, ки Маск Twitter-ро мехарад, дар ин бора Bloomberg, Reuters и WSJ хабар дода буданд. Баъди ин хабар саҳмияҳои Twitter 6,8% – то $52,27 боло рафтан, менависад Forbes.

Дар оғози моҳи апрел  Маск 9,2% Twitter саҳмияҳои ин ширкатро харида буд ва яке аз бузургтарин саҳмдорони он гашт.  Зоҳиран баъди ин хариду фурӯш  сармоядортарин тоҷири олам пешниҳод кардааст, ки ширкатро комилан мехарад ва барои ҳар ҳар саҳмия $54,2 медиҳад. Ин нарх аз нархи бозорӣ ба таври қобили мулоҳиза боло аст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...