Сабаби марги домоду арӯс дар Вахш худкушӣ эълон шуд

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Прокуратураи ноҳияи Вахши вилояти Хатлон оғози парвандаи ҷиноятиро оид ба марги навхонадорон дар деҳаи Яккатут рад намуда, ба хулосае расидааст, ки сабаби марги онҳо худкушӣ аст.

Шаби 26 ба 27 март дар деҳаи Яккатути ноҳияи Вахш ҷасадҳои Шарифбек Зиёеви 26-сола ва Гулҳавас Шоеваи 17-сола овехта дар оғил дарёфт шуданд, ки аз тӯйи навхонадорияшон ҳамагӣ се рӯз гузашта буд.

Тавре ки Сentralasian.org хабар медиҳад, додситонӣ марги ду ҷавони навхонадорро худкушӣ номида, дар худкушии онҳо касеро гумонбар надонистааст ва аз ин рӯ, парвандае дар ин робита боз нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, мақомот гуфтаанд, ҷавон бемории равонӣ дошт, вале шарҳ надоданд, ки чӣ тавр духтар кушта шуд.

Маҳмадзоир Шоев, падари марҳум Гулҳавас, рӯзи 25-уми апрел дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, бовар надорад духтараш даст ба худкушӣ зада бошад. Ӯ таъкид намуд, ки тафтиши марги духтараш ҳамаҷониба сурат нагирифтааст.

"Ману падари писарро ба прокуратура даъват карда, гуфтанд, худкушӣ аст, лекин дақиқ нагуфтанд, ки духтари ман худаш худкушӣ кардааст ё бо таъсири каси дигар ба марг расонида шудааст. Ба падари писар гуфтанд, фарзанди шумо касал доштааст, шумо ӯро табобату нигоҳубин накарда, занаш додед. Гуфтанд, ки ташхис нишон додааст, писар аз моҳи ноябри соли 2021 касал доштааст. Баъди шунидани ин, бештар бовар кардам, ки духтарам худкушӣ накардааст. Ӯро домод ба чунин аҳвол овардааст", иброз доштааст Маҳмадзоир Шоев.

Пештар дар беморхонаи бемориҳои рӯҳии вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфта будаанд, ки Шарифбеку Гулҳавас дар қайди беморхона нестанд. Сафархӯҷа Зиёев, бародари Шарифбек, рӯзи 30-юми март ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки "бародараш ягон мушкил надошт, сад фоиз буд, вале намедонанд чаро даст ба чунин кор задааст".

Шарифбек ва Гулҳавас рӯзи 24-уми марти имсол издивоҷ карда буданд. Бино ба аксу навори арӯсии онҳо, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, тарафҳо шод ба назар мерасанд, вале чунин ранг гирифтани кор пайвандонашонро мотамзада кард. Пас аз марги домоду арӯс аз хонаи хоби онҳо номае ёфтаанд, ки ба иттилои мақомот ташхиси хатшиносӣ нишон додааст, он аз сӯи домод навишта шудааст.

Дар нома навишта шудааст, ки “дигар зиндагӣ кардан намехоҳем". Навиштаанд, мо бо хоҳиши худамон худкушӣ мекунем".

Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои даст ба худкушӣ задан дар миёни мардум нигаронкунанда буда, солҳои ахир он хеле зиёд шудааст. Аммо ҳодисаи ахир, ки шоҳу арӯс ба ин кор даст зада бошанд, бори аввал буд, сару садоҳои зиёдеро ба бор овардааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, соли 2021 дар Тоҷикистон 518 ҳодисаи даст ба худкушӣ задан ва суиқасд ба он ба қайд гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...