Нарх дар бозорҳои Душанбе пеш аз Иди Рамазон чӣ гуна аст?

Date:

Саховат – яке аз бозорҳои бузурги маҳсулоти хӯрокворӣ имрӯзҳо серодам аст. Сокиноне, ки имкон доранд, аз ҳозир ба харидани гӯшту орд, конфету шириниҳо шурӯъ намуданд. Мегӯянд, ҳарчи тезтар бихарӣ, ҳамон қадр хубтару беҳтар аст. Зеро ба гуфтаи онҳо, бо наздикшавии рӯзи ид ва зиёд шудани талошҳову ташвишҳои мардум тоҷирон нархи маҳсулоташонро боло мебаранд.

Ҷӯрахон Валиев, масъули нархҳо дар бозор изҳор мекунад, ки онҳо имрӯз назоратро беҳтар карда, тоҷиронро нахоҳанд гузошт, ки худсарона нархро баланд кунанд.

Дар ярмаракаи берун аз ҳудуди қисмати болопӯши бозор маҳсулоти мавриди ниёзи аввалия арзонтар фурӯхта мешавад. Дар дохили бозор бошад, қимат, масалан, 1 кило гӯшт 55-63 сомонӣ, халтаи орд – 290-325 сомонӣ, 1 литр равған – 22-25 сомонӣ.

Ҳамасола сокинони кишвар аз болоравии нархҳо дар остонаи идҳо шикоят мекунанд. Мегӯянд, бинобар якбора қиматшавии маҳсулот дастархонаи идонаро мувофиқи табъ ороста наметавонанд. Масъулин ё соҳибкорон сабаби инро ба болоравии қурби доллару камбуди маҳсулот рабт медиҳанд ё аслан болоравии нархро рад мекунанд.

МЕДИА (YOUTUBE)

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...