Қисме аз мухолифоне, ки дар Арманистон роҳро баста буданд, боздошт шудаанд

Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ

Дар шаҳри Еревани Арманистон субҳи 2 май эътирози нофармонӣ ташкил шуда, эътирозгарон даҳҳо роҳи мошингарди он шаҳрро бастанд. Пулис талош дорад, ки роҳҳоро боз кунад. Ба навиштаи расонаҳо, пулис бештар аз 125 касро боздошт кардааст.

Расонаҳо менависанд, эътирозгарон бо истифода аз қуттиҳои партов роҳҳоро мебанданд.

Ишхан Сагателян, ноиб-раиси порлумони Арманистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфт, ки шаб дар Ереван нисбатан ором пушти сар шуд, рӯёрӯӣ бо пулис сурат нагирифт, зеро дар шаҳр борон меборид. Аммо мухолифон дар майдони Фаронса шабро рӯз карданд.

Эътирозҳои мухолифон дар Арманистон ду ҳафта пеш баъди он шуруъ шуданд, ки сарвазир Никол Пашинян гуфт, ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Арманистон интизор дорад, ки дар робита ба мавқеи Қарабоғи Куҳӣ ақибнишинӣ кунад.

Ба бовари мухолифони Арманистон, ҳукумати Пашинян тасмим дорад, дар масъалаи Қарабоғи Куҳӣ ба Озарбойҷон гузашт кунад. Ба ҳамин сабаб, мухолифин истеъфои Пашинянро талаб доранд.

Намояндагони ҳукумат талаби истеъфои Пашинянро рад мекунанд. Ба бовари ҳукумат, ин талаб аз сӯи аксарияти сокинон ҷонибдорӣ намешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...