“Меваҳо калону бомазаанд”. Кишоварзони тоҷик аз ҳосили гелосу зардолу қаноатманданд

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон мавсими ҷамъоварии ҳосили гелос ва зардолуи тезпазак оғоз шуд. Дар бозорҳо имрӯз як кило гелос 15-25 сомонӣ, зардолу 10-20 сомонӣ арзиш дорад. Дар боғҳои вилояти Хатлон ва водии Ҳисор меваи бармаҳал пухта расид.

Дар саросари Тоҷикистон, бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, майдони боғҳои меваи донакдор беш аз 80 ҳазор гектарро ташкил медиҳад. Дар ин боғҳо зардолу, олу, олуча, гелос шафтолу парвариш карда мешавад.

Илова бар ин, ин меваҳо дар заминҳои шахсӣ низ парвариш карда мешаванд ва барои бисёриҳо яке аз манбаъҳои пур кардани буҷети оила мебошанд.

Дар хочагиҳои шаҳру ноҳияҳои Рӯдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринаву Турсунзода ба ҷамъоварии ҳосили навъҳои барвақтпази гелоси «Валовая» ва «Негро» шурӯъ намуданд.

“Имсол ҳосил хуб аст, меваҳо калону болаззатанд. Боришоти моҳи май ба мо чандон зарар нарасонид”, – мегӯяд боғпарвар Бахтиёр Ҳафизов аз Шаҳринав.

Ба туфайли дуруст риоя карда шудани қоидаҳои агротехникӣ ва саривақт бо маводи зарурӣ коркард шудани дарахтон, ба даст овардани ҳосили фаровони мева муяссар шуд.

Дар водии Ҳисор боғҳои зардолу нестанд, зардолуи барвақтпаз дар вилояти Хатлон парвариш карда мешавад. Дар ноҳияҳои Кӯшониён, Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун навъҳои зардолуҳои амрикоӣ ва канадагӣ аллакай пухта расидаанд.

Аз ҳар як дарахт боғпарвар 40-50 кило мева мегирад. Меваҳо калон буда, ҳар кадоме 70-80 грамм вазн дорад.

Соли гузашта гелос аввалин бор дар бозору супермаркетҳои Душанбе охири моҳи апрел ба фурӯш бароварда шуд. Он замон нархи яклухти он ҳудуди 2 доларро ташкил дода, дар савдои чакана 1 килояш 3-4 доллар фурӯхта мешуд.

Имсол нархҳо нисбатан пасттар мебошанд.

Мавсими дастаҷамъонаи ҷамъоварӣ ва содироти ҳосили гелос аз Тоҷикистон маъмулан аз 10 май оғоз шуда, тақрибан то нимаи моҳи июн идома мекунад.

Тоҷикистон имсол ният дорад, ки  содироти меваи тару тозаро ба Русия, Қазоқистон, Чин ва кишварҳои аврупоӣ зиёд кунад. Соли 2021 Тоҷикистон ба маблағи 30 млн доллар беш аз 43 ҳазор тонна мева содир кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...