Роҳкирои микроавтобусҳо дар Хуҷанд гарон шуд. Автобусҳо дар навбатанд

Ҳалимҷон Ҷураев, Asia-Plus

Шурӯъ, аз субҳи 10-уми майи соли равон нархи мусофиркашонии микроавтобусҳои дохилишаҳрӣ дар шаҳри Хуҷанд гарон шуд.

Шӯҳрат Аҳмадҷонов, сардори Раёсати нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ дар вилояти Суғд дар суҳбат бо “Азия-Плюс” сабаби гарон шудани роҳкиро боло рафтани нархи сӯзишворӣ арзёбӣ кард.

"Ронандагон ба ширкатҳои нақлиётӣ шикоят кардаанд, ки ба сабаби гарон шудани гази моеъ (6,5-7 сомонӣ) ва сӯзишвории дизелӣ (11-11,50 сомонӣ) хароҷоташонро рӯйпӯш карда наметавонанд. Дар асоси муроҷиати ширкатҳои мусофиркашонӣ мо ба ҳукумати Суғд мактуб фиристодем. Дар ҷаласаи ҳукумат хулоса шуд, ки барои рӯйпуш кардани хароҷот роҳкиро бояд 2,6 сомонӣ кунем, аммо 2 сомонию 50 дирам муайян кардем”, – гуфт Аҳмадҷонов.

Ба таъкиди ӯ, нархномаи нав танҳо ба микроавтобусҳои дихилишаҳрии Хуҷанд дахл дорад, нархномаи микроавтобусҳои беруназшаҳрӣ (ба мисоли “Хуҷанд-Ғафуров”, “Хуҷанд-Бӯстон”) ва ё аз Хуҷанд ба дигар шаҳру ноҳияҳо бетағйир боқӣ мемонад.

Дар шаҳри Хуҷанд 12 ширкати нақлиётии дохилишаҳрӣ ва 16 хатсайри мусофиркашонӣ мавҷуд аст. Масъулин мегӯянд, хароҷоти сӯзишворӣ дар нақлиёти ҷамъиятии дохилишаҳрӣ бисёр аст. Нақлиёт суст ҳаракат мекунад ва исти зиёд дорад, ки дар суръати суст сарфаи сӯзишворӣ ҳам зиёд мешавад.

Номбурда афзуд, ки ин нархнома ба автобусҳои ҷамъиятӣ дахл надорад, вале барои баланд бардоштани роҳкиро онҳо раёсат ба масъулин пешниҳод кардааст

"Дар пайи боло рафтани маводи сӯзишворӣ корхонаи автобусҳои ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд низ пешниҳод додаанд, ки нархи хизматрасониро 50 дирам боло бардорем. Ин пешниҳод ҳоло дар марҳилаи тасдиқ қарор дорад. Нархи мусофиркашонӣ тариқи автобусҳои давлатӣ аз соли 2018 ба ин тараф боло нарафтааст ва ҳоло хизматрасонии дохилишаҳрӣ тавассути онҳо 1 сомонӣ аст”, – мегӯяд Шуҳрат Аҳмадҷонов.

Ин бори дувум аст, ки бо сабаби гарон шудани нархи сӯзишворӣ мақомоти вилояти Суғд роҳкироро боло мебаранд. Бори аввал онҳо,  1-уми сентябри соли гузашта роҳкиро аз 1 сомонию 50 дирам то 2 сомонӣ гарон карда буданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...