Эълони қабули омӯзгорону хонандагон ба мактабҳои русзабони муштараки Тоҷикистону Русия

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои қабули омӯзгорон ва хонандагон дар мактабҳои таҳсилоти умумии русзабон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода, ки тибқи ваъдаи мақомот бояд то 1 сентябри ҳамин сол ба истифода дода шаванд, озмун эълон менамояд.

“Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои қабули омӯзгорон ба муассисаҳои давлатии буҷетии таҳсилоти миёнаи умумии муштараки Русия-Тоҷикистон бо омӯзиши амиқи фанҳо (таълимашон ба забони русӣ) дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода озмун эълон менамояд”, – зикр мешавад дар эълони Вазорат.

Аз довталабон доштани шаҳрвандии Русия ё Тоҷикистон, донистани забонҳои русӣ ва тоҷикӣ, таърих ва фарҳанги халқҳои Русия ва Тоҷикистон, донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи соҳаи маориф талаб карда мешавад. Илова бар ин, онҳо бояд маҳорату малакаи истифодаи технологияи информатсионии муосир, истифодаи усулҳои муосири таълим ва хушмуомилагӣ бо хонандагон ва падару модарро дошта бошанд.

Қабули ҳуҷҷатҳо то 24 майи соли 2022 давом карда, довталабон метавонанд онҳоро ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода пешниҳод кунанд.

Ҳамчунин Вазорати маорифи ва илми ҷумҳурӣ барои қабули хонандагон (синфҳои 1-8) ба ин мактабҳо низ озмун эълон кардааст.

Довталабон метавонанд ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ҳуҷҷатҳои зеринро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд: ариза оид ба иштирок дар озмун; нусхаи шиноснома; маълумотнома аз ҷойи истиқомат; маълумотномаи тиббӣ ва расм (3х4) 4 дона.

Хуҷҷатҳои довталабон бояд бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ омода карда шуда, қабули ҳуҷҷатҳо то 28 майи соли 2022 идома меёбад.

Ёдрас мекунем, ки қаблан вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ва муовини раиси ҳукумати Русия Алексей Оверчук изҳор дошта будунд, ки панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 1 сентябри соли равон дарҳои худро барои толибилмон боз мекунанд.

Сохтмони мактабҳои таълимашон бо забони русӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби Русия ташаббуси муштараки сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия аст. Сохтмони мактабҳои мазкур дар доираи Созишномаи байниҳукуматӣ байни Русия ва Тоҷикистон аз 17 апрели соли 2019 амалӣ мешавад.

Чунин мактабҳо дар 5 шаҳри Тоҷикистон: Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд. Барои сохтмони ҳар кадоме аз мактабҳо ҳудуди 1 млрд 200 млн рубли русӣ ҷудо карда мешавад. Ҳар кадоме аз мактабҳо барои бо таҳсил фаро гирифтани 1200 хонанда пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...