Нахустин намояндаи ҳукумати “Толибон” ба Тоҷикистон омадааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Як намояндаи расмии ҳукумати “Толибон” дар ҳайати дастаи футболи Афғонистон дирӯз вориди Душанбе шудааст. Дар ин бора сафири ин кишвар дар Тоҷикистон дар ҳамоише дар Душанбе ба журналистон хабар дод.

Ҳофиз Аҳмад Зозай, намояндаи ҳукумати “Толибон” дар ҳайати дастаи футболи наврасони то 16-солаи Афғонистон дирӯз, 10 май, тавассути хатсайри Иcтанбул-Тоҷикистон вориди Душанбе шудааст.

Муҳаммад Заҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт, ки дирӯз барои пешвози бозигарон ба фурудгоҳи Душанбе рафтанд ва диданд, ки ин намояндаи ҳукумати “Толибон” ҳамроҳи даста ба Тоҷикистон омадааст.

Ба гуфтаи сафир, Ҳофиз Аҳмад Зозай ҳеҷ рабте ба соҳаи варзиш, махсусан футбол, надорад ва ҳадафи сафараш танҳо “назорат” – и футболбозони афғон аст.

“Вазифаи ӯ “назорат”-и 31 варзишгаре аст, ки ба Душанбе омадаанд. Ӯ назорат мекунад, то футболбозон нисбати ҳукумати “Толибон” ҳарфи бад нагӯянд, бо истифода аз фурсат аз Тоҷикистон ба дигар кишвар нагурезанду ба Афғонистон баргарданд. Ин намояндаи ҳукумати “Толибон” назди мо наомад ва аз суҳбат бо мо ва расонаҳо низ худдорӣ кард”, – гуфт сафири Афғонистон дар Тоҷикистон.

Варзишгарон ба намояндагони сафорат гуфтаанд, қабл аз парвоз ба Душанбе дар Кобул ҳушдор додаанд, ки бо хабарнигорон ва ҳатто бо намояндагони сафорат сӯҳбат накунанд.

“Мо ҳатман аз бозӣ дидан хоҳем кард, ки дар он бозигарони мо бозӣ мекунанд. Мо дар футбол бар зидди “Толибон” чизе намегӯем. Мо намехоҳем, ки варзишро ба сиёсат олуда кунем, вале тавре мебинем, онҳо аллакай варзишро ба сиёсат олуда кардаанд. Мо аз бозӣ ҳаловат мебарем, бозигаронро дастгирӣ мекунем, парчамҳои Афғонистону Тоҷикистонро баланд мебардорем”, – таъкид кард сафир.

Аз Федератсияи футболи Тоҷикистон низ тасдиқ намуданд, ки дирӯз, 10 май тавассути хатсайри Истанбул – Тоҷикистон дастаи мунтахаби то 16-солаи Афғонистон  ба Тоҷикистон омад ва Ҳофиз Аҳмад Зозай “ба ҳайси роҳбари ҳайати намояндагияшон аст”.

Дастаи то 16-солаи Афғонистон рӯзи 13 май дар доираи мусобиқаи CAFA-2022 (U-16) дар Душанбе бо дастаи Қирғизистон бозӣ хоҳад кард.

Баъди ба сари қудрат омадани ҳукумати “Толибон” дар Афғонистон аз августи соли гузашта ин нахустин сафари расмии як намояндаи ҳукумати онҳо ба Тоҷикистон аст. Ин дар ҳолест, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ягона кишваре дониста мешавад, ки бо ҳукумати “Толибон” то имрӯз ҳеҷ робитае надошт.

Роҳбарияти Тоҷикистон дар ҳамоишҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ҳамеша таъкид мекунанд, ки тарафдори ҳукумати инклюзивӣ дар Афғонистон ҳастанд ва тоҷикон, ки қисми зиёди аҳолии ин кишварро ташкил медиҳанд, бояд ба он шомил гарданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 13 то 20 май дар шаҳри Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола баргузор мешавад. Панҷ даста барои соҳиб шудан ба ин қаҳрамонӣ мубориза мебаранд. Дар чемпионати CAFA-2022 байни дастаҳои ҷавонони то 16-сола дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...