Мавсими 8-уми Tajikistan Fashion Week дар Душанбе бо иштироки тарроҳони кишварҳои ИДМ ва Аврупо

Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe рӯзи 10 май мавсими 8-уми Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон – Tajikistan Fashion Week оғоз шуд. Дар он тарроҳон (дизайнерҳо) аз кишварҳои ИДМ ва Аврупо иштирок доранд. Симои расмии мавсими ҳаштуми намоиши мӯди Tajikistan Fashion Week дар Душанбе овозхон Фарзона Раҷабова мебошад. Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” муассиси Tajikistan Fashion Week […]

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe рӯзи 10 май мавсими 8-уми Ҳафтаи мӯд дар Тоҷикистон – Tajikistan Fashion Week оғоз шуд. Дар он тарроҳон (дизайнерҳо) аз кишварҳои ИДМ ва Аврупо иштирок доранд.

Симои расмии мавсими ҳаштуми намоиши мӯди Tajikistan Fashion Week дар Душанбе овозхон Фарзона Раҷабова мебошад.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” муассиси Tajikistan Fashion Week Тоҳир Иброҳимов изҳор намуд, ки мавзӯи ҳафтаи мӯди ин мавсим пахта ва маснуоти аз он истеҳсолшуда гардид.

Рӯзи аввал миёни меҳмонон намояндагони вазорату идораҳо, тарроҳони маъруфи хориҷӣ, кормандони намояндагиҳои дипломатии муқими Душанбе, ситораҳои эстрада ва хабарнигорони ВАО ҳузур доштанд.

Маросими ифтитоҳи чорабинӣ бо намоиши маҷмӯаи сарулибоси ҷолиби тарроҳ Умед Кучкалиев шурӯъ шуд.

Дар намунаҳои маҷмӯаи Кучкалиев нақшу нигори чакан ва ороишоти миллӣ истифода шудаанд.

Ҳамчунин тамошобинон дар саҳна бо маҷмӯаи сарулибоси дигар тарроҳони ватанӣ – Гугуш Ашӯрова ва Сулҳия Ғуломова шинос шуданд.

Тарроҳ аз Ӯзбекистон Азизбек Рӯзиев маҷмӯаи сарулибоси худ – “зардӯзӣ”-и Бухороро зери тамға (бренд)-и "Ezaza" ба тамошобинон манзур кард.

Рӯзи аввали намоиши мӯд бо ҳунарнамоии овозхони маъруфи тоҷик Нигина Амонқулова анҷом пазируфт.

Ба гуфтаи дастандаркорони чорабинӣ, дар доираи ҳафтаи мӯд бо иштироки 100 нафар тарроҳони навкор озмун гузаронида шуд.

Аз ин шумор 33 нафар интихоб шуданд, ки маҷмӯаи сарулибоси худро аз пахтаву матоъи дар Тоҷикистон истеҳсолшуда пешниҳод мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ҳафтаи мӯд бо ибтикори итттиҳодияи эҷодии «T&Z» ва дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ созмон дода шудааст.

Ин чорабинӣ аз соли 2018 гузаронида шуда, ҷиҳати хоси мавсими ҳаштум дар он ифода меёбад, ки дар ҳафтаи имсола роҳбарони ҳафтаи мӯди кишвраҳои узви ИМД ва Аврупо иштирок доранд.

Ҳамчунин меҳмон аз Италия Доминик Антонио Карера, ки тамғаҳои Италияро дар кишварҳои ИДМ намояндагӣ мкунад, иштирокчии махсуси чорабинӣ аст.

Зимни суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” ӯ изҳор намуд, ки бори дуюм аст, ки аз Тоҷикистон боздид мекунад.

Бори нахуст ӯ ба сифати сайёҳ ба кишвари мо омада, ҳозир дар Tajikistan Fashion Week яке аз тамғаҳои пойафзоли Италияро намояндагӣ мекунад.

Дар доираи Tajikistan Fashion Week тарроҳони Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркия, Фаронса ва Марокаш маҷмӯаи нави сарулибоси худро ба маърази тамошо мегузоранд.

Дар ин чорабинӣ инчунин намояндагони тамғаҳои маъруфи ҷаҳон, ки ба истеҳсоли сарулибос машғуланд, аз ҷумла тамғаи туркии mimya иштирок доранд.

Ҳафтаи мӯд як фишанги тавонои рушди саноати нассоҷӣ дар аксари кишварҳои хориҷӣ буда, соли панҷум аст, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад.

Рӯзи хотимавии ин чорабинӣ 12 май ба нақша гирифта шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио