Марзбонони тоҷик як мошини боркаши Қирғизистонро боздоштаанд. Ронанда фирор кардааст

Марзбонони тоҷик як мошини боркаши шаҳрванди Қирғизистонро бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд, аммо ронанда фирор кардааст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg ба истинод ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад. Ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 апрел дар деҳаи Хоҷаи-Аълои шаҳри Исфара мошини боркаши КамАЗ аз суйи марзбонони тоҷик боздошт […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Марзбонони тоҷик як мошини боркаши шаҳрванди Қирғизистонро бо ҷурми убури ғайриқонунии марз боздошт кардаанд, аммо ронанда фирор кардааст. Дар ин бора хабаргузории 24.kg ба истинод ба иттилои маркази матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, рӯзи 30 апрел дар деҳаи Хоҷаи-Аълои шаҳри Исфара мошини боркаши КамАЗ аз суйи марзбонони тоҷик боздошт мешавад. Гуфта мешавад, сари чамбараки мошин зода ва сокини вилояти Бодканд қарор дошт. Зимни боздошт ин шаҳрванди Қирғизистон аз назари хизматчиёни ҳарбии тоҷик фирор ва сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба самти Қирғизистон баргаштааст.

Мақомоти кишвари ҳамсоя аз руйи ин далел бар асоси моддаи 378-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон “ғайриқонунӣ убури сарҳади давлатӣ”  парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Гуфта мешавад мошини боркаши дар марзи Тоҷикистон боздоштшуда дар асоси санад аз КДАМ-и Тоҷикистон ба ҳудуди Қирғизистон баргардонида шудааст ва то анҷоми тафтиши парвандаи ҷиноӣ дар дидбонгоҳи сарҳадии “Орто-Боз” нигаҳ дошта мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон то кунун дар ин бора изҳори назар накардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.