Дидору гуфтушунидҳои Рустами Эмомалӣ дар Туркманистон

Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов  дидору гуфтушунид кард. Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ ба Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дуруди бародарона ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид. Дар вохӯрӣ дурнамои […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов  дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ ба Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дуруди бародарона ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Дар вохӯрӣ дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҷанбаҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки ҳаҷми гардиши мол дар соли 2021 нисбат ба солҳои пешин се маротиба афзоиш ёфта, ин тамоил дар соли ҷорӣ низ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷода баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз масъалаҳои афзалиятдор ҳисобида шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва саноат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

Ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

“Вобаста ба қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки тамоили мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин таҳкимёбии мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ташвишовар аст”, – зикр мешавад дар хабари палатаи болоии парлумон.

Дар чунин вазъият ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалии имрӯза ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, зарур шумориданд.

Дар чаҳорчӯби сафар ба Туркманистон раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ инчунин бо раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон Гулшат Маммедова мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо изҳори қаноматмандӣ намуданд, ки ҳамкориҳои судманди байнипарламентӣ ба густариши муносибатҳои дӯстонаи мардуми ду кишвар мусоидат менамоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио