Вазири корҳои хориҷии Русия ба Душанбе омад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Пагоҳ, 13 май дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШВКХ ИДМ) доир мегардад. Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, роҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия аз шаҳри Маскат – пойтахти Уммон ба Тоҷикистон омад, ки дар ин кишвар […]

Asia-Plus

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров ба шаҳри Душанбе ташриф овард. Пагоҳ, 13 май дар пойтахти Тоҷикистон ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ШВКХ ИДМ) доир мегардад.

Тавре ки хабаргузории ТАСС иттилоъ медиҳад, роҳбари идораи сиёсати хориҷии Русия аз шаҳри Маскат – пойтахти Уммон ба Тоҷикистон омад, ки дар ин кишвар бо сафари корӣ қарор дошт.

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ баррасии дурнамои рушди ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Иттиҳод дар назар буда, ба масоили таъмини амнияти байнулмилалӣ ва густариши робитаҳои башардӯстонаву илмӣ таваҷҷуҳ зоҳир хоҳад шуд.

Ба иттилои ВКХ Тоҷикистон, дар ҳошияи чорабинии ШВКХ ИДМ инчунин баргузории вохӯрии роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.