Қиморбози “алик-малик” дар Душанбе 15 шабонарӯз ҳабс шуд

Дар ҷараёни рейди санҷишӣ дар кӯчаҳои Душанбе кормандони милитсия барои ташкили қиморбозӣ сокини пойтахт Орзу Шарипови 22-соларо боздошт намуданд. Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ӯ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори “Ганҷина” ба ин амали мардумфиребона машғул будааст. Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда санади маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ӯро […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни рейди санҷишӣ дар кӯчаҳои Душанбе кормандони милитсия барои ташкили қиморбозӣ сокини пойтахт Орзу Шарипови 22-соларо боздошт намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ӯ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори “Ганҷина” ба ин амали мардумфиребона машғул будааст.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда санади маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ӯро 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо додааст.

Раёсати ВКД хотиррасон менамояд, ки ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик», ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, як падидаи номатлуб ва ғайриқонунӣ мебошад.

“Чунин афрод бо роҳи фиреб таваҷҷуҳи мардумро ҷалб намуда, пулҳои онҳоро аз худ мекунанд, – зикр мешавад дар хабар. – Нисбати чунин кирдори ғайриқонунӣ ва нафарони ба он машғулшаванда кормандони мақомоти милитсия тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд”.

Зимнан Раёсат аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио