Сафири Афғонистон: “Изҳороти Ҳикматёр нишони заифии ӯст”

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳороти охири Гулбиддин Ҳикматёр, як сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистонро нишони заифии ӯ маънидод кард ва гуфт, ҳарфҳои ӯро набояд ҷиддӣ гирифт. Ӯ дар поёни ҳамоише дар Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Гулбиддин Ҳиматёрро як фарди шикастхӯрда ва маризи қудрат унвон кард. – Так-таки мардуми Афғонистон ӯро мешиносанд. Ӯ […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳороти охири Гулбиддин Ҳикматёр, як сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистонро нишони заифии ӯ маънидод кард ва гуфт, ҳарфҳои ӯро набояд ҷиддӣ гирифт.

Ӯ дар поёни ҳамоише дар Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Гулбиддин Ҳиматёрро як фарди шикастхӯрда ва маризи қудрат унвон кард.

– Так-таки мардуми Афғонистон ӯро мешиносанд. Ӯ маризи қудрат аст. То дирӯз аз афкори толибонӣ ҳимоят мекард, баъд дар паҳлӯи Қаҳрамони миллии Афғонистон (Аҳмадшоҳ Масъуд дар назар аст-муаллиф) ба унвони садри аъзам омад. Вақте, ки Кобулро тарк кардем, бо мо Тахор омад, аз Тахор дар Бағлон ва баъд ба Эрон рафт. Вақте як инсони ғайримасъул роҷеъ ба як кишвар қазоват мекунад, заифии ӯро нишон медиҳад, -гуфт Зоҳири Ағбар.

Ба таъкиди номбурда, мардум ва роҳбарияти Тоҷикистон Ҳикматёрро ба тамоми маъно мешиносанд ва суханони ӯро ҷиддӣ намегиранд.

Вай афзуд, ки “ҳамин Ҳикматёр буд, ки то дирӯз, фатвои ҷиҳода дар баробари амрикоиҳо медод, ба амрикоиҳо таслим шуд, ҳоло омада, як фатвои дигарро унвон мекунад. Сари иддаоҳои ӯ ҳеҷ тафсира накунед”.

Сафири Афғонистон мегӯяд аз сабаби он ки ӯ дигар ҳеҷ василае ба хотири матраҳ шудан надорад, чунин иддаоҳоро пахш мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон, дар намози ҷумъаи 6-уми май дар Кобул Тоҷикистонро барои пуштибонӣ ва ҷой додани роҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар хоки худ интиқод кард. Ӯ Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро мухолифини мусаллаҳи давлат ном бурд.

Вай гуфт, ин ба он маъно аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсояааш ҷанг эълон кардааст.

Ҳикматёр ҳамчунин, Тоҷикистонро ба он гунаҳкор кардаст, ки ба ихтиёри мухолифини ҳукумати Толибон пойгоҳҳо гузоштааст, то онҳо омӯзиш гирифта, мусаллаҳ шаванд.

Ин изҳороти Ҳикматёр дар ҳолест, ки то кунун ҳеч гоҳе аз раҳбарони ин ҷабҳа, на Аҳмади Масъуд ва дигар чеҳраҳои он, аз ҷумла Амрулло Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ нагуфтаанд, ки дар Тоҷикистон қарор доранд.

Бархе коршиносони тоҷик мегӯянд, Гулбиддин Ҳикматёр сухангӯи ғайрирасмии ҳукумати “Толибон” аст ва ӯ ин суханонро на аз пеши худ, балки бо мувофиқа бо роҳбарияти имрӯзаи Афғонистон гуфтааст. Аз ин зовия онҳо таъкид мекунанд, ки изҳороти ӯ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио