Дидору гуфтушунидҳои Рустами Эмомалӣ дар Туркманистон

Asia-Plus

Дар доираи сафари расмӣ ба Туркманистон раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бо раиси Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов  дидору гуфтушунид кард.

Тавре ки маркази матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, дар оғози мулоқот Рустами Эмомалӣ ба Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дуруди бародарона ва таманниёти неки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Дар вохӯрӣ дурнамои робитаҳои байнипарламентӣ ва рушди муносибатҳои ҳамкорӣ бо Халқ Маслиҳатии Милли Генгеши Туркманистон, инчунин ҷанбаҳои муҳимми ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва масъалаҳои дорои аҳаммияти байналмилаливу минтақавӣ баррасӣ гардид.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки ҳаҷми гардиши мол дар соли 2021 нисбат ба солҳои пешин се маротиба афзоиш ёфта, ин тамоил дар соли ҷорӣ низ нигоҳ дошта шудааст. Дар ин ҷода баланд бардоштани самаранокии кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ аз масъалаҳои афзалиятдор ҳисобида шуд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки дар бахшҳои энергетика, нақлиёт ва саноат пешравиҳои назаррас ба мушоҳида мерасанд.

Ҷиҳати густариши робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ пешниҳод гардид, ки миқдори бурсияҳои таълимӣ аз ҳар ду ҷониб зиёд карда шуда, масъалаи ташкили Рӯзҳои фарҳанги Туркманистон дар Тоҷикистон дар вақтҳои наздик мавриди баррасӣ қарор дода шавад.

“Вобаста ба қазияи Афғонистон таъкид гардид, ки тамоили мураккабшавии вазъи сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ, инчунин таҳкимёбии мавқеи гурӯҳҳои мухталифи террористиву экстремистӣ дар ин кишвари ҳамсоя, ташвишовар аст”, – зикр мешавад дар хабари палатаи болоии парлумон.

Дар чунин вазъият ҷонибҳо ҳамоҳангсозии фаъолияти хадамоти махсусро баҳри муборизаи муштарак алайҳи таҳдидҳои глобалии имрӯза ба монанди терроризм, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, аз ҷумла муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар, зарур шумориданд.

Дар чаҳорчӯби сафар ба Туркманистон раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ инчунин бо раиси Маҷлиси миллии Генгеши Туркманистон Гулшат Маммедова мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар рафти мулоқот масъалаҳои афзалиятноки рушди ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла тавсеаи робитаҳои байнипарламентӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷонибҳо изҳори қаноматмандӣ намуданд, ки ҳамкориҳои судманди байнипарламентӣ ба густариши муносибатҳои дӯстонаи мардуми ду кишвар мусоидат менамоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...