Сафири Афғонистон: “Изҳороти Ҳикматёр нишони заифии ӯст”

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Муҳаммад Зоҳири Ағбар, сафири Афғонистон дар Тоҷикистон изҳороти охири Гулбиддин Ҳикматёр, як сиёсатмадори ҷанҷолии Афғонистонро нишони заифии ӯ маънидод кард ва гуфт, ҳарфҳои ӯро набояд ҷиддӣ гирифт.

Ӯ дар поёни ҳамоише дар Душанбе дар суҳбат бо хабарнигори “Азия-Плюс” Гулбиддин Ҳиматёрро як фарди шикастхӯрда ва маризи қудрат унвон кард.

– Так-таки мардуми Афғонистон ӯро мешиносанд. Ӯ маризи қудрат аст. То дирӯз аз афкори толибонӣ ҳимоят мекард, баъд дар паҳлӯи Қаҳрамони миллии Афғонистон (Аҳмадшоҳ Масъуд дар назар аст-муаллиф) ба унвони садри аъзам омад. Вақте, ки Кобулро тарк кардем, бо мо Тахор омад, аз Тахор дар Бағлон ва баъд ба Эрон рафт. Вақте як инсони ғайримасъул роҷеъ ба як кишвар қазоват мекунад, заифии ӯро нишон медиҳад, -гуфт Зоҳири Ағбар.

Ба таъкиди номбурда, мардум ва роҳбарияти Тоҷикистон Ҳикматёрро ба тамоми маъно мешиносанд ва суханони ӯро ҷиддӣ намегиранд.

Вай афзуд, ки “ҳамин Ҳикматёр буд, ки то дирӯз, фатвои ҷиҳода дар баробари амрикоиҳо медод, ба амрикоиҳо таслим шуд, ҳоло омада, як фатвои дигарро унвон мекунад. Сари иддаоҳои ӯ ҳеҷ тафсира накунед”.

Сафири Афғонистон мегӯяд аз сабаби он ки ӯ дигар ҳеҷ василае ба хотири матраҳ шудан надорад, чунин иддаоҳоро пахш мекунад.

Ёдовар мешавем, ки Гулбиддин Ҳикматёр, раиси Ҳизби исломии Афғонистон, дар намози ҷумъаи 6-уми май дар Кобул Тоҷикистонро барои пуштибонӣ ва ҷой додани роҳбарони Ҷабҳаи муқовимат дар хоки худ интиқод кард. Ӯ Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистонро мухолифини мусаллаҳи давлат ном бурд.

Вай гуфт, ин ба он маъно аст, ки Тоҷикистон бо Афғонистони ҳамсояааш ҷанг эълон кардааст.

Ҳикматёр ҳамчунин, Тоҷикистонро ба он гунаҳкор кардаст, ки ба ихтиёри мухолифини ҳукумати Толибон пойгоҳҳо гузоштааст, то онҳо омӯзиш гирифта, мусаллаҳ шаванд.

Ин изҳороти Ҳикматёр дар ҳолест, ки то кунун ҳеч гоҳе аз раҳбарони ин ҷабҳа, на Аҳмади Масъуд ва дигар чеҳраҳои он, аз ҷумла Амрулло Солеҳ, муовини пешини Ашраф Ғанӣ нагуфтаанд, ки дар Тоҷикистон қарор доранд.

Бархе коршиносони тоҷик мегӯянд, Гулбиддин Ҳикматёр сухангӯи ғайрирасмии ҳукумати “Толибон” аст ва ӯ ин суханонро на аз пеши худ, балки бо мувофиқа бо роҳбарияти имрӯзаи Афғонистон гуфтааст. Аз ин зовия онҳо таъкид мекунанд, ки изҳороти ӯ бояд ҷиддӣ гирифта шавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...