Сокини Восеъ барои нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд ба духтараш ҷарима шуд

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Як сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон барои сабти ном накардани духтараш дар идораи САҲШ ва нагирифтани шаҳодатномаи таваллуд 192 сомонӣ (ҳудуди 15 доллар) ҷарима шудааст. Дар ин бора Додситонии кулли кишвар хабар медиҳад.

Манбаъ, аз ин сокини ноҳияи Восеъ, Воҳид Тоштемиров ном мебарад, ки ба духтараш  Фараҳноз Тоштемурова бо гузашти ду сол шаҳодатномаи таваллуд нагирифтааст.

– Ин қонуншиканӣ аз ҷониби додситонии ноҳияи Всоеъ зимни санҷиши вазъи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ошкор карда шуд, – омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.

Додситонии кул мегӯяд, дар асоси талаботи қонунгузорӣ волидайн муваззафанд, ки фарзандони худро дар давоми се моҳи баъди таваллуд дар идораи САҲШ сабти ном кунанд ва шаҳодатномаи таваллуд гиранд.

Ин ниҳод гуфтааст, ки бо қарори додгоҳи ноҳия рӯзи 22 апрел падари духтар Воҳид Тоштемуров ба маблағи 192 сомонӣ ҷарима шуд.

Ёдовар мешавем, ки дар соли гузашта коҳиши сабти номи таваллуди кӯдакон мушоҳида шуда, ҳамин тариқ, дар соли 2021-ум 218 ҳазору 206 тифли навзод ба қайд гирифта шудааст (дар соли 2020 – 239 ҳазору 946).

Сабаби поин рафтани ин нишондод ба гуфтаи масъулини  Вазорати адлия, шитоб накардани волидайн ба сабти ном кардани кӯдакони навзодашон мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...