Маводи мухаддирро аз Тоҷикистон бо баллонҳои газӣ ба Ӯзбекистон бурданд

Ду қочоқбар аз Тоҷикистон ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон чанд баллони пропани дорои маводи мухаддир интиқол додаанд, ки дар натиҷа яке аз аз балонҳо ҳангоми берун овардани маводи мухаддир таркидааст. Дар ин бора “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи корҳои дохилии Самарқанд иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ин қочоқбарон маводи мухаддирро ба сокини ноҳияи Ургут супурдаанд, ки ҳангоми […]

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Ду қочоқбар аз Тоҷикистон ба вилояти Самарқанди Ӯзбекистон чанд баллони пропани дорои маводи мухаддир интиқол додаанд, ки дар натиҷа яке аз аз балонҳо ҳангоми берун овардани маводи мухаддир таркидааст. Дар ин бора “Podrobno.uz” бо такя ба шӯъбаи корҳои дохилии Самарқанд иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ин қочоқбарон маводи мухаддирро ба сокини ноҳияи Ургут супурдаанд, ки ҳангоми мусодираи афюн яке аз баллонҳо таркидааст.

Ба иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш, қочоқбарон ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.

– Дар рафти тафтишот кормандони ҳифзи ҳуқуқ 244,19 грамм маводи мухаддир пайдо намудаанд, – навиштааст сомонаи ӯзбекӣ.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки алайҳи тоҷирони номуваффақ дар асоси Кодекси ҷиноии Ӯзбекистон  парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки nuz.uz менависад, «балони газро аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон марди 44-солаи сокини Душанбе Д.О. ҳамроҳ бо зодаи шаҳри Бохтар С.С. мебаранд. Ин афрод балони газро ба ноҳияи Ургут, ба манзили дӯсти худ М.Ф.-и 43-сола бурданд. Аммо вақте ки онҳо мехостанд онро кушоянд, баллон таркидааст”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.