Дар конфронси парлумонии Боку раиси парлумони Тоҷикистон дар чӣ бора изҳори назар кард?

Нигина Аслонова, Asia-Plus

– Пандемияи Ковид-19 ба рушди иҷтимоиву иқтисодии ҳамаи кишварҳо ва минтақаҳои ҷаҳон таъсири зиёди манфӣ расонд, – изҳор дошт 17 май дар кори Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Иқтисодӣ (СҲИ) дар шаҳри Боку раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Тавре ки дар сомонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон хабар дода мешавад, зимни суханронӣ Зокирзода изҳор намуд, ки СҲИ аҳамияти худро ҳамчун платформаи муассир баҳри вокуниш ба чолишҳои бавуҷудомада, роҳандозии корҳо ҷиҳати рафъи оқибатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва тиҷоратию иқтисодии пандемияи Ковид-19 ба таври боварибахш тасдиқ кард.

Ба гуфтаи ӯ, саъю кӯшишҳое, ки бо мақсади рафъи оқибатҳои пандемия дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон сурат мегиранд, далели возеҳи зарурати ҳамкориҳои зиччи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар давраи сар задани буҳронҳои глобалӣ мебошанд.

“Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон да нишастии 15-уми сарони кишварҳои СҲИ пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати бартараф намудани маҳдудиятҳои карантинии нақлиётиву транзитии бинобар сар задани пандемия ҷоригардида, ҳамчунин монеаҳои тиҷоратии тарифӣ ва ғайритарифӣ иқдомоти мушаххас анҷом дода шаванд”, – хотирррасон намуд ӯ.

Гуфта мешавад, дар робита ба ин, аз кишварҳои аъзо даъват карда шуд, ки нақшаи муштаракро ҷиҳати татбиқи пурсамари иқтидори тиҷоратии минтақаи СҲИ таҳия намоянд.

“Муттаҳид сохтани саъю талошҳоро ҷиҳати таҳкими робитаҳои нақлиётӣ, ки, бешубҳа, ба зиёд намудани ҳаҷми савдои байниҳамдигарӣ мусоидат мекунанд, муҳим арзёбӣ менамоем”, – чунин ибрози назар кард Зокирзода.

Дар ин рости ӯ тавсеаи шабакаи долонҳои нақлиётӣ ва таъмини гардиши озоди молу хизматрасониҳо миёни кишварҳои аъзоро заруру муҳим донист.

“Аз ин лиҳоз, мо бояд ба баланд бурдани иқтидори нақлиётиву транзитии минтақаи Созмон таваҷҷуҳи афзалиятнок зоҳир намоем, – гуфт ӯ. – Барои барқароршавӣ дар давраи пас аз пандемия, мо роҳандозии ҳамкории муштаракро бо мақсади тавсеа ва таҳкими ҳамгироӣ дар соҳаҳои молия, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои, аз ҷумла тавассути таҳия ва татбиқи барномаю лоиҳаҳои муштарак, зарур мешуморем”.

Ҳамчунин Зокирзода таъкид дошт, ки тавре таҷриба нишон дод, дар шароити пандемияи ҷаҳонии коронавирус ҳеҷ як кишвар наметавонист ба нерӯи худ такя кунад ва танҳо вокунишҳои глобалӣ ва ҳамоҳангсозиҳои глобалӣ, калиди ғолибият дар муқобили пандемия буданд.

Конфронси сеюми Ассамблеяи Парлумонии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки дар шаҳри Боку таҳти раёсати Раиси Миллӣ Маҷлиси Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова баргузор гардид.

Дар кори конфронс сарони парлумонҳои кишварҳои Туркия, Эрон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Ӯбекистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва дабири кулли созмони мазкур иштирок доштанд.

Дар ҳошияи сафар ба Озарбойҷон раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо раиси Милли Маҷлиси Озарбойҷон Соҳиба Ғаффорова дидору гуфтушунид кард.

Дар ҷараёни мулоқот зикр шуд, ки кишварҳо бояд ба зиёд кардани савдои байни мамлакатҳо ва васеъ намудани доираи ҳамкорӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намоянд.

Гуфта мешавад, айни замон заминаи ҳуқуқии Тоҷикистону Озарбойҷон 59 Созишнома ва Аҳдномаро дар бар мегирад, ки дар доираи Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Озарбойҷон асос ёфта, он 16 марти соли 2007 ба имзо расидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...