Гумонбари сеюми парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар Ҷайҳун низ аз баёноташ даст кашид

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Адолат Шерматова, гумонбари сеюм, ки дар куштори оилаи Маҳмадовҳо аз ноҳияи Ҷайҳун айбдор мешавад, дар мурофиаи охир гуфтааст, ки баёнотҳояш дар мавриди иштирокаш дар ин ҷиноят бо истифодаи шиканҷа гирифта шудаанд.

Як нафар аз иштирокчиёни мурофиаи судии рӯзи 10-май ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки Адолат Шерматова дар рафти мурофиа айби ба ӯ эълоншударо эътироф накард. Ва гуфтааст, ки дар ин куштор даст надорад

Ҳамчунин ба гуфти ин манбаъ, адвокати Адолат Шерматова аз суд дархост кардааст, ки барои муайян кардани ҳолати шиканҷа нисбати Адолат Шерматова ташхиси судди тиббӣ гузаронида шавад.  Суд ин дархостро баррасӣ накардааст.

Ҳамчунин дар ҷараёни мурофиа суд дархости ҳимоятгари Маҳмадғаюр Хайбуллоевро дар бораи таъин кардани ташхиси руҳию равонии зерҳимояаш рад кардааст.

Ёдовар мешавем, ки дар мурофиаи пешини суд Маҳмадғаюр Хайбуллоев изҳор дошта буд, ки қаблан ӯ зери фишор ва бар асари шиканҷа баёнот додааст.

“Дар куштори оилаи Маҳмадовҳо даст надорам. Дар ШВКД ноҳияи Ҷайҳун рӯзи сеюме, ки боздошт будам, ба лату кӯбам шуруъ карданд. Ба сарам халта кашида бо дубинка ва пойҳояшон латукӯбамон мекарданд. Ба дасту пойҳоямон барқ мегузаронданд. Ман тоқат карда натавониста, ба чизе, ки ки онҳо мегуфтанд, розӣ шудам. Моро шиканҷа ва бидуни адвокат бозпурсӣ мекарданд. Вақте модарам наздамон даромад, оҳиста ба ӯ гуфтам, ки маро лату кӯб ва кушторро ба сарам бор карда истодаанд”, – гуфт Хайбуллоев.

Сипас ӯ ва гумонбари дуюми ин парванда – Қиёмиддин Насриддиновро ба тавқифгоҳи муваққатии ШВКД шаҳри Бохтар гузаронидаанд.

“Моро 17 шабонарӯз дар тавқифгоҳи муваққатии ШВКД дар шаҳри Бохтар нигоҳ дошта, баъдан ба боздоштгоҳи тафтишотӣ интиқоламон доданд. Дар пеши ман Адолат Шерматоваро мавриди шиканҷа қарор дода, ҳамсараш Қиёмиддин Насриддиновро лату кӯб карданд”, – гуфт Маҳмадғаюр Хайбуллоев.

Ба қавли номбурда, бар асари шиканҷаи сершумор ва лату кӯби доимӣ дар ШВКД ноҳияи Ҷайҳун, ӯ тайёр буд, ки ба худкушӣ даст занад.

Саймумин Кабутов, вакили дифои Маҳмадғайюр Хайбуллоев, аз додгоҳ дархост кард, ки барои зерҳимояаш ташхиси равоншиносӣ таъин карда шавад.

“Ман аз додрас хоҳиш кардам, ки барои зерҳимояи ман ташхиси равоншиносӣ таъин кунад. Зеро баъди шиканҷаву лату кӯб ҳолати равонияшон хуб нест. Мо, қаблан дар рафти тафтишоти пешакӣ дархост карда будем. Вале як омӯзгорро аз Донишгоҳи давлатии Бохтар даъват карданд, ки мо рад кардем. Баъдан муфатиш бе иштироки ман боз ҳамон нафареро, ки мо рад карда будем, бурдаву ташхиси равоншиносӣ гузарондааст. Аз ин хотир мехоҳем як ташхиси равоншиносии дуруст гузаронида шавад”,- гуфт адвокат.

Бояд гуфт, ки ҳам Қиёмиддин Насриддинов ва ҳам Маҳмадғаюр Хайбуллоев дар додгоҳ изҳор доштанд, ки сабти видеоие, ки онҳо ҷиноятро ба дӯш гирифтанд, қаблан таҳрезишуда буд.

“Моро се рӯз омӯзониданд, ки куҷо равему чӣ бигӯем ва баъд наворбардорӣ карданд”, – иброз доштанд онҳо.

Насриддинов  дар ҷараёни пурсиш дар ҷаласаи додгоҳии рӯзи 1-уми апрел низ гуфт, ки бо марҳум Аҳлиддин Маҳмадов риштаи хешутаборӣ доштанд ва ягон кинаву хусумате байнашон набуд, баръакс муносибаташон хуб буд.

Таърихчаи ҳодиса

Бояд гуфт, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон чандест баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят ҷараён дорад. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.

Дар робита ба ин ҳодиса нисбати се сокини ноҳияи Ҷайҳун, ки дар куштори ин хонавода айбдор мешаванд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов бо моддаҳои 104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) ва 244 (дуздӣ) ва Адолат Шерматова оилаи Қиёмиддин Насриддинов бо моддаи  104 қисми 2 (одамкушӣ), 32 қисми 3-104 қисми 2 (суиқасд ба одамкушӣ), 255 (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) айбдор карда мешаванд.

Куштори пурсарусадои падари оила ва се фарзанди ноболиғаш шаби 12 июни соли 2021 рух дода буд. Аҳлиддин Маҳмадови 39-сола ва се фарзанди 8,13 ва 14-солааш ба таври ваҳшиёна кушта шуданд.

Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.

Баъдан аз хонаводаи Маҳмадов, ҳамсараш Латофат Азизова ва як писараш зинда монданд ва онҳо гумонбаронро шинохтанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...