Аз ҳаводиси гуногун. КҲФ аз марги 6 нафар дар чанд рӯзи охир хабар медиҳад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз марги дастикам 6 нафар бар асари ҳодисаҳои гуногуни чанд рӯзи охир хабар медиҳад. Дар миёни онҳо ду ноболиғ ҳам ҳастанд, ки сабаби марги онҳоро кумита беназоратии волидон ва риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ гуфтаааст.

Ба иттилои ин ниҳод, онҳо ду писарбачаи 13 ва 14 – сола, сокинони деҳаи Савдаи ҷамоати деҳоти Боғистони ноҳияи Шаҳринав мебошанд, ки рӯзи 20-уми майи соли равон дар ноҳияи Шаҳринав дар оби канали Ҳисор ғарқ шуданд.

– Муддати ду рӯзи охир корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғон идома дошт. Рӯзи 22-уми май ҷасади яке аз онҳо пайдо ва ба волидонаш супурда шуд. Ҷустуҷӯи ҷасади ноболиғи дигар идома дорад. Сабаби марги онҳо беназоратии волидон ва риоя нашудани қоидаҳои шиноварӣ унвон шудааст, – иттилоъ медиҳад КҲФ.

Ин ниҳод ҳамчунин, аз садамаи як мошини сабукрави тамғаи “Опел Астра” дар шаҳраки Сарводаи ноҳияи Айнӣ хабар додааст, ки боиси ба ҳалокат расидани ду сокини 18- солаи деҳаи Хушекат ва маҷруҳ гардидани як сокини 24-солаи деҳаи Рарзи ноҳияи Айнӣ гардидааст.

КҲФ гуфтааст, мошин ба дарёи Фон сарозер шуд.

– Ронанда ба зудӣ худро аз мошин берун ҳаво медиҳад ва бо ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ мешавад. Вале ду мософири он дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасанд, – навиштааст КҲФ.

Ин ниҳод зикр намудааст, ки корҳои ҷустуҷӯии наҷотдиҳандагон бахши КҲФ дар водии Зарафшон дар мавриди дарёфти ҷасади ҳалокшудагон натиҷа  надодааст.

КҲФ афзудааст, ки ҳарчанд сабаби садама маълум нест, вале “ба эҳтимоли зиёд баланд будани суръати ҳаракат ва аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда яке аз сабабҳои ин фоҷеа бошад”. 

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳоги фавқулода сабабҳои ҳалокати як ҷавони 18-солаи сокини деҳаи Шоҳони ноҳияи Деваштич дар рӯди Сирро таҳқиқ менамояд.

Ин ҷавон рӯзи 20-уми майи соли равон дар рӯди Сир ғарқ шуда, ҷасади ӯ тоза пайдо гардидаааст.

Сабаби ғарқи об шудани ин ҷавони 18-сола маълум нест.

– Ғаввосони Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот ҷасади марҳумро соати 17:35 дақиқа пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд. Ҷараёни ҳодиса аз ҷониби мақомоти салоҳиятдор таҳқиқ мешавад, – навиштааст КҲФ. 

Ин ниҳод ҳамчунин, аз ғарқ шудани як сокини 29-солаи деҳаи Зугванди ноҳияи Ишкошим хабар додааст, ки ба хотири наҷоти ҳамсари 25-солааш, ки бар асари муноқишаи оилавӣ худро ба дарёи Панҷ андохта буд, ба ҳалокат расидааст.

– Мард вақте ҳамсари ғарқи обашро мебинад, худро ба оби пурхурӯши рӯд ҳаво медиҳад ва ҳамсари даст ба худкушизадаро наҷот медиҳад, вале худ ба об ғарқ мешавад, – хабар додааст КҲФ.

Ин оилаи ҷавон соҳиби 3 фарзанд буда, сабаби муноқиша маълум нест.

Ба иттилои ин ниҳод, ҷасади марҳумро сокинони деҳаи Вранг аз дарёи Панҷ пайдо кардаву ба хешовандонаш супурданд.

Ҳалокати чанд нафар бар асари ҳаводиси гуногун дар чанд рӯзи охир дар ҳолест, ки дар пайи бориши шадади борон ва жола дар ду рӯзи охир дар вилояти Суғд даҳҳо километр роҳҳо вайрон шуда,  дар натиҷаи боридани барф дар қаторкӯҳи водии Зарафшон ва ноҳияи Шаҳристон боғу киштзорҳо зарар дидаанд.

Инчунин, дар пайи боронгариҳои шадиди рӯзҳои 21-22 май ба бархе кӯча, ҳавливу роҳрав ва таҳхонаи манзилҳои сокинони Душанбе зери об монда, ба роҳҳои автомобилгард баромадани об ҳаракати нақлиётро мушкил кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

  

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...