“Фурсати донистан”: Тартиби қабули санадҳои маъмурӣ дар робита ба қонунигардонии дороиву маблағҳои шаҳрвандон

Asia-Plus

Ҳар ҳафта дар барномаи “Фурсати донистан”-и радиои “Азия-Пӣюс” мо бо ҳуқуқшиносон дар мавриди масоили расмиёти маъмурӣ мусоҳибаи ихтисосӣ анҷом медиҳем. Ин бор меҳмони барнома ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифоъ Иноят Иноятов буданд, ки мавзуъи имрӯз тартиби қабул кардани санадҳои маъмурӣ  дар робита ба қонунигардонии дороиву маблағҳои шаҳрвандон буд.

Яъне барои қонунӣ кардани дороиҳо ва маблағҳое, ки шаҳрвандон доранд кадом ҳуҷҷатҳоро таҳия ва омода кардан зарур аст. Фишурдаи ин суҳбат, ҳар ҳафта пас аз барномаи радиоӣ дар шакли саволу ҷавоб дар сайти "Азия-Плюс" ҳам пешниҳод мешавад.

Савол: Барои қонунигардонии амволи ғайриманқул (манзил, иншоот, бино) кадом ҳуҷҷатҳо ба комиссияи қонунигардонии  дороиҳо  пешниҳод карда мешаванд?

Ҷавоб: Бо қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз таърихи  27 августи соли 2021 (таҳти №327) Номгӯи ҳуҷҷатҳои барои қонунигардонии молу мулки ғайриманқул пешниҳодшаванда тасдиқ карда шудааст. Барои қонунигардонии амволи ғайриманқул ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд: 

1) ариза дар бораи қонунигардонии дороиҳо дар ду нусха аз рӯйи намунаи шакли бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда;

2) ҳуҷҷати аслии ҳуқуқмуайянкунандаи пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин, инчунин дар ҳолати мавҷуд будан, ҳуҷҷати ҳуқуқтасдиқкунандаи пайдоиши ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин;

3) шиносномаи техникӣ дар ду нусха бо нақша-схемаи ошёна ба ошёнаи молу мулки ғайриманқули қонунигардонидашаванда;

4) нусхаи шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда (РМА);

5) ҳуҷҷати пардохти хироҷ  барои  қонунигардонӣ;

6) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият.

Ба Комиссияи қонунигардонии дороиҳо ҳуҷчатҳои асл ва нусхаи  ҳуҷатҳои дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва Низомномаи фаъолияти комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо пешбининамуда манзур карда мешаванд.

Нусхаи  ҳуҷҷатҳои ба Комиссия пешниҳодшаванда бевосита дар ҷаласаи Комиссия аз ҷониби тамоми аъзои Комиссия, ки дар ҷаласа иштирок менамоянд, ба имзо расида, бо мӯҳри Комиссия тасдиқ карда мешавад. Ҳуҷатҳои аслӣ ба субъекти қонунигардонӣ баргардонида мешаванд.

Савол: Барои аз тарафи  комиссияи қонунигардонии  дороиҳо баррасӣ намудани аризаи қонуниигардонии амвол, ба миқдори чанд сомонӣ хироҷ пардохт карда мешавад? 

Ҷавоб: Мувофиқи  моддаи 8  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шарвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон", шаҳрвандоне , ки дороиҳои худро  қонунӣ мегардонанд, ба андозаи  даҳ нишондиҳанда барои  ҳисобҳо, яъне 640 сомонӣ  ба буҷаҳои маҳаллӣ  хироҷ пардохт менамоянд. Пардохти хироҷи мазкур бояд, ки тавасути бонк пардохта шавад.

Савол: Муҳлати баррасӣ намудани аризаҳо оиди қонунигардонии амвол чанд рӯз мебошад?

 Ҷавоб: Эъломия ва ё ариза, ки дар ҷараёни муҳлати давраи қонунигардонӣ пешниҳод гардидааст, аз ҷониби Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо бояд дар муддати аз даҳ то бист рӯзи корӣ баррасӣ карда мешавад. Дар мавриди аз ҷониби Комиссия оид ба қонунигардонии дороиҳо баррасӣ накардани ариза, шаҳрванд ё шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад, ки ба суд муроҷиат намояд. 

Ин матлаб дар ҳамкорӣ бо Ҷамъиятӣ олмонии ҳамкориҳои байналмилалӣ дар доираи лоиҳаи "Шаҳрванд дар расмиёти маъмурӣ ва истеҳсолоти иҷро" омода шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...