Вазорати тандурустӣ: Дар Тоҷикистон “сурхакони маймун” сабт нашудааст, ба таҳлука наафтед!

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар Тоҷикистон ҳоло ягон ҳодисаи сироят аз сурхакони маймун ба қайд гирифта нашудааст, итминон доданд ба “Азия-Плюс” аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

“Айни замон бар асоси тавсияҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) ҷиҳати пешгирии вуруди ин сироят ба кишвар тадбирҳои зарарӣ рӯйи даст гирифта мешаванд. Вазорати тандурустӣ ба баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ дар бораи беморӣ аз ин сироят оғоз намуд”, – таъкид доштанд дар ин ниҳод ва аз тоҷикистониён даъват карданд, ки ба таҳлука наафтанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки дар Вазорат зикр карданд, дар фурудгоҳ ва гузаргоҳҳои марзӣ қаблан баҳри пешгирии сироят аз коронавирус тадбирҳо андешида шуда буданд ва “ин чораҳо ҷиҳати пешгирии вуруди ҳама гуна сироят ба кишвар то ҳол идома доранд”.

Дар ҷаҳон вазъият чӣ гуна аст?

Дар Русия ҳоло ин сироят сабт нашуда, бо вуҷуди ин дар баъзе фурудгоҳҳо, аз ҷумла фурудгоҳи шаҳри Красноярск назорати карантинӣ тақвият дода шудааст.

Бино ба маълумот дар сомонаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, айни замон 92 ҳолати гирифторӣ ба сирояти сурхакони маймун тибқи ташхиси озмоишгоҳ тасдиқ шуда, ташхсиҳои 28 нафари дигар таҳқиқ мешаванд.

Созмон ҳушдор медиҳад, ки минбаъд шумори беморон афзуда, ҳолатҳои ин беморӣ аллакай дар 15 кишвар ошкор шудааст.

Одамон аз ҳама бештар дар Португалия, Испания, Бритониёи Кабир (аз 21 то 30 ҳолат) сироят ёфта, гирифторӣ ба ин беморӣ дар сокинони Австрия, Австралия, Белгия, Канада, Фаронса, Олмон, Италия, Нидерланд, Шветсия ва ИМА тасдиқ шудааст.

Гуфта мешавад, аксарияти ҳолатҳои сироятёбӣ ба сафар ба кишварҳои хориҷӣ вобаста нестанд.

Дар ҳамин ҳол, дар Исроил ва Швейтсария нахустин сироятёфтагон шахсоне мебошанд, ки чанде пеш аз сафари хориҷа баргаштаанд.

Дар СҶТ хабар додаанд, ки то имрӯз ягон ҳолати фавти вобаста ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд идома дорад. Ӯ дирӯз, 29-уми март "бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.