“Asian Express” бо автобус ба Русия мебарад, аммо на ҳамаро

Масъулини ширкати “Asian Express” тасмим доранд, ки шурӯъ аз 2 июни соли равон ҳаракати автобусҳоро аз Тоҷикистон ба Русия барқарор кунанд. Онҳо бо нашри як хабарнома дар саҳифаи расмиашон дар “Инстаграм” навиштаанд, ки “мусофирон метавонанд аз терминали байналмилалии шаҳри Душанбе (Автовокзали Душанбе) бо автобусҳои ин ширкат ба Маскав сафар намоянд”. Дар эълон ҳамчунин, зикр шудааст, ки “дар […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Масъулини ширкати “Asian Express” тасмим доранд, ки шурӯъ аз 2 июни соли равон ҳаракати автобусҳоро аз Тоҷикистон ба Русия барқарор кунанд. Онҳо бо нашри як хабарнома дар саҳифаи расмиашон дар “Инстаграм” навиштаанд, ки “мусофирон метавонанд аз терминали байналмилалии шаҳри Душанбе (Автовокзали Душанбе) бо автобусҳои ин ширкат ба Маскав сафар намоянд”.

Дар эълон ҳамчунин, зикр шудааст, ки “дар ин баробар Шумо имкон доред, ки аз шаҳри Маскав бо ҳамин хатсайр ба Душанбе баргардед”.

Аммо тавре масъулони ширкат мегӯянд, дар ҳоли ҳозир на ҳама метавонанд аз ин масир ба Маскав бираванд. Зеро Русия то ҳол марзҳои заминиашро барои шаҳрвандони Тоҷикистон боз накардааст. Аз ин рӯ, ҳоло танҳо онҳое метавонанд аз ин автобусҳо истифода кунанд, ки ҳаққи сафар ва ё вуруд ба Русияро тариқи роҳҳои заминӣ доранд. 

Баъди нашри эълони роҳандозӣ шудани автобусҳо дар ин масир, хонандагони зиёде аз “Азия-Плюс” дархост намуданд, ки дар мавриди шарту шароит ва шеваҳои сафар маълумоти бештар пешниҳод шавад.

Маълум гардид, ки тавассути автобусҳои “Asian Express” танҳо шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ҳуҷҷатҳои лозим барои вуруд ба Русия ва ё шаҳрвандии ин кишварро доранд, метавонанд то ба Маскав бираванд. Ҳамчунин нафароне, ки яке аз хешовандони наздикашон шаҳрвандии Русияро доранд ё хешовандони наздики бемор доранд, ки дар ин кишвар ба нигоҳубин эҳтиёҷ дорад ё онҳое ки дар Барномаи давлатии кӯчонидани ҳамватанон иштирок кардандаанд низ шомили ин гуруҳи мусофирон мешаванд. Ҳамчунин касоне, ки аз ҳаққи иқомат дар Русия (Вид на жительство ва РВП) бархӯрдоранд, метавонанд мусофири ин автобусҳо бошанд.

Яке аз масъулони ширкати “Asian Express” ба “Азия-Плюс” гуфт, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ин гуна аснодро надоранд, наметавонанд тавассути автобусҳои ин ширкат ба Русия сафар кунанд.

Манбаъ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир нархи сафар дар ин масир 1000 сомонӣ барои як тараф пешбинӣ шудааст ва вобаста ба талабот имкон дорад, ки кам ё зиёд шавад.

– Ҳоло танҳо чунин ният дорем, вале намедонем, ки чӣ мешавад. Чунки талабгорони сафар хело кам ҳастанд. Онҳо бештар шаҳрвандони худи Русия ҳастанд, ки шуморашон хело кам аст.  Шояд танҳо тоҷиконе, ки барои барномаи кӯчонидани ҳамватанон ширкат кардаанд, раванд, ки шумораи онҳо ҳам хело кам аст. Барои шаҳрвандони Тоҷикистон шояд моҳҳои июн сарҳад боз шавад, он вақт онҳо метавонанд бо хатсайри мо ба ин кишвар раванд,- афзуд ин намояндаи ширкат.

Манбаъ гуфт, то ба ҳол вақти муайяни сафар дақиқ нашудааст ва аз сабаби он ки талабгорон кам ҳастанд, ҳар вақте мусофирон такмил шаванд, онҳо омодаанд, ки ба сафарро оғоз кунанд.

– Ҳоло маълум нест, ки дар як ҳафта чанд сафар анҷом медиҳем. Ҳамин ки одам ҷамъ шуд, меравем. Вақти муайян нест. Агар дар оянда талабот зиёд шавад, шояд ки дар як ҳафта ду ё се бор сафар кунем. Ҳоло маълум нест. Ҳатто аниқ ҳам нест, ки аз Русия ба Тоҷикистон мусофир мешавад ё не, – гуфт ҳамсуҳбати мо.

Тасмими роҳандозӣ намудани хатсайри автобус дар ҳолест, ки беш аз ду сол мешавад, ки Русия сарҳадҳои заминии худро барои шаҳрвандони Тоҷикистон бастааст.

Дар гузашта гуфтугузорҳо дар мавриди боз шудани сарҳади заминӣ ё тавассути кишвари сеюм ба ин кишвар ворид шудани тоҷикон расонаӣ шуда буд.  Вале дертар сафорати Русия дар Тоҷикистон чунин иттилоъро рад кард.

Аз ҷумла, дар пайи боз шудани сарҳадҳои заминии Қазоқистон барои шаҳрвандони Тоҷикистон ва гуфтугузорҳо дар мавриди он ки тавассути Қазоқистон тоҷикон ҳам метавонанд ба Русия равнад, рӯзи 18 апрели соли равон сафорати Русия дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот гуфта буд, ки тавассути сарҳади заминии Қазоқистон, шаҳрвандони Тоҷикистон наметавонанд, вориди Русия шаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.